Саидэҳсон Ҷалолиён барандаи ҷоизаи “Эътимод”

Саидэҳсон Ҷалолиён (Солиев), журналисти радиои “Тоҷикистон” дар Конфронси миллии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар соли 2023 ҷоизаи “Эътимод”-ро ба даст овард.

Чорабинии мазкур рӯзи 3-юми май дар меҳмонхонаи “Hilton”-и пойтахт баргузор гардид.

Пешбарии номзадҳо ба ҷоизаи “Эътимод” аз 3-юми апрел оғоз гардида буд. Дар он номзадии чор нафар журналист пешниҳод гардида буд.

Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар ВАО-и мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд, таъсис дода шудааст. Он соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот — 3-юми май ба як нафар тақдим мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *