Як муваффақияти Ёсамин Давлатова
Ёсамин Давлатова, овозхони ҷавон ва соҳибистеъдоди тоҷик таронаи навашро бо номи «Асалӣ ёр» дар Ютубканали шахсиаш нашр кард.
«Асалӣ ёр» бо намоҳангаш буда, дар он ҳунармандони ҳирфаӣ аз гурӯҳи ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо» нақш офаридаанд.
Дар намоҳанг Ҷамшеди Ҳалим хушдори Ёсамин ва Гулбибӣ Абдулхайрова модари духтару Насриддин Нуриддин падари ҷавон ҳастанд.
Клип аз он ҷиҳат шавқовар аст, ки Ҷамшеди Ҳалим, ҷавони деҳотӣ барои блогер шудан кӯшиш мекунад ва то охир 16 обуначӣ ҷамъ меорад, вале вақте ки Ёсуман ба ӯ обуна мешавад, мебинад, ки зиёда аз 100 ҳазор пайрав дорад ва умедашро меканад.
Як муваффақияти Ёсамин Давлатова он аст, ки ӯ бо ҳунармандони саршинос ҳамкорӣ карда, онҳоро дар нақшҳои ба худашон созгор ҷалб мекунад. Яъне, бештар дар намоҳангҳояш ҳаҷвнигорон иштирок мекунанд ва нақшаҳое мебозанд, ки ба мазмуни сурудҳо мувофиқ ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ