Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ҷавонони фаъол

Дар толори калони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳузури раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маросими супоридани стипендияҳои раиси шаҳри Хуҷанд ба хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода гирандагони стипендияро бо Рўзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр доштааст, ки “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерўи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишварамон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

Фирдавс Шарифзода афзудааст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ таҳти роҳнамоиҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Изҳори умедворӣ карда шудааст, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2022-2023 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат варзидаанд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс Шарифзода аз ҷавонон изҳори умедворӣ намудааст, ки эшон аз ҳидоятҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, рисолати аслии худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар рўзгору фаъолияти хеш ба таври зарурӣ ба анҷом мерасонанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба гирандагони Стипендияи раиси шаҳр аз ҷониби шаҳрдор Фирдавс Шарифзода гувоҳнома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шудааст.

— Оиша Солеҳзода, хонандаи МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд ва ва Мирзодалер Хуршедзода, варзишгар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии доимии ҷавонони болаёқат ва варзишгарони номӣ ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *