Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Кори шаб

Аз марде пурсиданд:

— Комилҷон, чанд фарзанд дорӣ?

Комил дар ҷавоб:

— Худоро шукр, 12-то.

Боз пурсиданд:

— Душвор нест магар?

Комил мегӯяд:

— Кори шаб — хандаи рӯз.

Фолбин

Духтаре ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:

— Субҳон, кай ба хонаамон хостгор равон мекунӣ?

Ҷавон дар ҷавоб:

— Медонӣ, ҷонакам, як фолбин ба ман гуфт, ки зани якумам вафот мекунад. Беҳтараш ман сараввал бо духтаре издивоҷ мекунам, ки дилам барои мурданаш насӯзад, ана баъд туро ба занӣ мегирам.

Имтиҳон

Ашӯр Сафар солҳои зиёд муаллими мактаби миёна буд. Дар имтиҳони хатмкунӣ толибае ба ягон суоли билет ҷавоб намедиҳад, вале дили муаллим намешавад, ки ба ӯ баҳои ғайриқаноатбахш монад. Аз ин рӯ, чандин суоли иловагӣ медиҳад, то ки толиба ақаллан даҳон кушояду ягон баҳои «3» гирад.

— «Одина»-ро хондай?

— …

— «Дохунда»-ро чӣ?

— …

— «Ҷони ширин»-ро ҳам нахондай?

— …

— Умуман ягон китоб хондай дар умрат?

— Ҳа-а,- ниҳоят лаб мекушояд толиба.

— Э, хайрият-е. Ку, бигӯ, кадом китобҳоро хондаӣ?

— «Хандаи гулҳо»-и Ашӯр Сафар, «Фарзанди аср»-и Ашӯр Сафар, «Базми садоқат»-и Ашӯр Сафар, «Гули маҳтоб»-и Ашӯр Сафарро.

— Ҳа-а,- посухи толибаро то охир гӯш дода, мегӯяд Ашӯр Сафар.- Ҳаминҳоро хондай, ки балора намедонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *