Як навраси ӯзбекро дар Ню-Йорк парронданд

Дар натиҷаи тирпарронӣ дар хиёбони 20-уми Бруклини Ню-Йорк шаҳрванди ноболиғи Ӯзбекистон Фаридун Мавлонов даргузаштааст.

Дар ин бора The New York Times иттилоъ дода, менависад, ки он рӯз миёни ду гурӯҳи хонандагони мактаб низоъ сар задааст. Муноқишаи ҷавонон баъди дарс дар кӯча идома меёбад. Зимни ин муноқиша як навраси 17-сола бо таппонча оташ мекушояд. Дар натиҷа Мавлонов захми тир бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Манбаъ менависад, ки хонаводаи Мавлонов 12 сол пеш аз Ӯзбекистон ба Амрико рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *