Як шаҳр пур аз дурӯғ
Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ рост гуфтан аст, аммо дар замони мо одамони ростгӯ ба сад бало мепечанд. Бовар кунед, ҳақиқатро гуфтан имрӯз хатар дорад. Хатар ба ҷони гӯяндааш!
Дурӯғ чун вирусе ба хуни мардуми мо, мардуме, ки худро мусалмон меҳисобаду Паёмбар (с) фармудааст, ки «Дурӯғ торикии имон аст» — ҷо шудаасту намедонам моро то куҷо мебарад?
Пеш аз саршавии гармиҳо либосҳои баҳоронаамро аз назар гузаронида, дидам, ки як мушкил дорам, туфлӣ харидан лозим! Ҳамсарам аз мағозаҳое, ки молҳои ширкатҳои машҳурро мефурӯшанд, харидани молро хуш дорад, шиораш «Қиммат бе ҳикмат нест, арзон беиллат нест» аст, аммо ман «бонувона» сайри «Корвон»-ро меписандам.
«Сарату равғанат» — асабиёна даст меафшонад ӯ ва ман субҳи барвақти як рӯзи истироҳат ҷабри тамбашавии нақлиётро кашидаю дар лою чали пайраҳаи серодами бозори машҳур ба қавли кампирҳои деҳаамон чап-чап карда, ба «Мир обувь»-и овозадор мерасам. Чанд растаро давр зада, туфлиеро маъқул мекунам, ҳаштсад сомонӣ — мегӯяд соҳиби мол — ҷавони сабзинаи сергап. Ӯ онқадар гап мезад, ки дар як муддати кӯтоҳ фаҳмидам, ки аз бонк қарздор будаасту ба ҳамин хотир молашро арзон ба савдо мондааст, вагарна ҳамин кафшҳоро ҳазор сомонӣ мефурӯхтааст ва ғайраю ҳоказо…
Кафшҳоро пӯшидам, дар оина низ дидам ва арзон карда, ба ҳафтсад сомонӣ харидам, вале ҷавон на кафшҳои чен карда дидаам, балки дигареро дар қуттӣ гузошта ба ман додааст…
Ба хона омада, хостам бори дигар баҳузур пойафзоли харидаамро пӯшида бинам, дар паҳлуи яктояш пайи ҷуқури ба сӯхтагӣ монанде буд. «Нафаҳмида иваз кардааст» гуфтам дар дил ва осемасар бо роҳи омадаам баргаштам.
«Дурная голова ногам покоя не даёт» — аҳволамро дида, гуфт бо заҳрханда ҳамсарам…
Дӯкондор маро дида, авзояш беҷо мешавад, яъне фаҳмида ба чунин пастӣ рафтааст. Кафшҳоро пешаш мондаму худамро ба даст гирифта, гуфтам:
— Иваз шудааст…
Ӯ қасам рӯи қасам мехӯрд, ки чунин моли «дефект»-дор надошт. “Оллоҳ занама апашка, ягон туфлии ман итарӣ доғ надошт, ранги сӯхтагияе…”,- худашро рӯирост ба нодонӣ мезад савдогар! Аз ин дурӯғгӯии рӯирости як ҷавонмард хун ба сарам заду гуфтам:
— Ҳой додар, ба ман ҳамон туфлиеро деҳ, ки ҳозир пӯшида будам, вагарна…
Ӯ ҳатто сурх нашуда, як ҷуфт туфлиро наздам гузошт. Хулоса, масъала ҳал шуд, вале дилам сип-сиёҳ ба хона баргаштам…
Ин як мушоҳидае буд, ки рӯи коғаз овардам. Намедонам барои чӣ бошад, дурӯғ гуфтан имрӯз айб нест? Чун ба гуфтугӯю муоширати мардум менигарӣ, гумон мекунӣ, ки як шаҳр пур аз дурӯғу фитна ва аз ҳама бадтараш, қасам аст. Аз ҳафтсола то ҳафтодсола дурӯғ мегӯянд ва боз барои исботи дурӯғашон қасам ҳам мехӯранд! Тасаввур мекунам, ки ба ҷойи ман харидор ягон нафар аз ноҳияи дурдасте мебуд ва пул дода моли нуқсондореро харидорӣ мекард, ба касофати дурӯғгӯии беимоне! Дурӯғгӯӣ бало аст, балое, ки аз пасаш сад гуноҳи дигаре дорад, баъзан барои пӯшонидани як дурӯғ фанди дигаре бофтан лозим меояд ва ҳамин тавр ин занҷираи шайтонӣ давом кардан мегирад…
Гумон мекунам, ки парҳез аз дурӯғ осонтарин кор аст, охир, он на пул мехоҳаду на табобат…
Лолаи Саидакбар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ