Як соли Душанбе

Бунёди 100 иншоот, таъсиси 10 000 ҷойи кор ва чанд дастоварди дигар

Соли 2023 барои пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе соли бобарор буд. Бунёди биноҳои муҳташами истиқоматӣ, савдову хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси пойтахт аст.

Бунёди беш аз 100 иншоот дар 1 сол

Дар соли равон 106 иншоот дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Аз ин 7 корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ, 4 бинои маъмурӣ, 5 муассисаи таълимӣ, 12  маркази савдо ва хизматрасонӣ, 27 бинои истиқоматӣ, 42 хонаи истиқоматии шахсӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 12 адад дар соҳаи нақлиёти коммуналӣ рост меояд. Масоҳати умумии иншоот 431 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншооту корхонаҳои навтаъсис дар ҳар самт аст, ки ба ин васила зиёда аз 10 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Масалан, ҳафт корхонаи саноатӣ, ки дар шаҳр ба истифода дода шуданд, 4 000 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инҳо кадом корхонаҳоянд?

  1. Корхонаи «Гулистони Душанбе»
  2. Корхонаи истеҳсолии «Қолинҳои Душанбе» 
  3. Корхонаи нассоҷии «Арвис»
  4. Корхонаи нави истеҳсолии “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” 
  5. Корхонаи равғанбарории “Файзи баракат” 
  6. Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”
  7. Корхонаи истеҳсоли макарони “Шаҳри зебои мо” 

Биноҳои нави маъмурӣ

Ҳамчунин, соли равон дар пойтахт чандин биноҳои маъмурӣ ба истифода дода шудаанд. Биноҳои нави Прокуратураи генералӣ, ТВ “Сафина” ва Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ва шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ охири соли равон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ин биноҳо бо тарҳи муосиру муҷаҳҳаз бо техногия ва шароити роҳати корӣ сохта шудаанд.

Муассисаҳои нави таълимӣ дар соли 2023

Соли равон дар пойтахт чандин мактаби замонавӣ бунёд шуданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии №40 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Глобал скул) дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гимназияи хусусии “Қалам”, муассисаи таълимии хусусии “Саидумар” аз ин қабиланд.  

Душанбе дар ҷойи аввал

Воқеан ҳам, иншооту биноҳои нави шаҳр бо усули замонавӣ, санъати баланди меъморӣ бунёд шудаанд. Варзишгарону хонандагон ва донишҷӯёни пойтахт низ дар ин сол соҳиби дастовардҳо буданд. Варзишгарону муҳассилини шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Дастпарварони муассисаҳои пойтахт дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ҷойҳои зиёди ифтихорӣ гирифтанд. Бо ин шаҳри Душанбе бо гирифтани ҷойҳои бештар зинаи аввалро дар Тоҷикистон ишғол намуд.

Суман Убайдуллозода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *