Маошу нафақа ва стипендия зиёд мешавад

Аз  1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд мегардад.

Дар ин хусус  имрӯз, 28 –уми декабр зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *