Ду сол пас агрегати 3 –юми НБО-и «Роғун» ба истифода дода мешавад

Соли 2025 агрегати 3 –юми НБО-и «Роғун» ба истифода дода мешавад. Дар ин бора имрӯз, 28 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

 «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати 3 –юми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем», — таъкид гардид дар Паём.

Дар идома Сарвари давлат таъкид гуфт, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3 500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *