Як суолу се посух: Муҳоҷиршавии омӯзгорон фоҷиа аст ё не?
Тарки соҳаи омӯзгори кардани иддае аз муаллимон дар чанд вақти охир дар кишвар яке аз масъалаҳои доғ гуфта мешавад. Ҳанӯз омори муҳоҷиршавии омӯзгорони кишвар пурра маълум нест. Вале ахиран дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон шумораи тарки касб кардани омӯзгоронро 2 ҳазору 67 нафар гуфтанд.
Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав имрӯз, 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба суоли рӯзномаи “Тоҷикистон” атрофи тарки касб кардани омӯзгорон чунин посух гуфт: “Муҳоҷиршавии омӯзгорон як падидае аст, ки дар ҳама давру замон дар дунё вуҷуд дорад”. Аммо ӯ муҳоҷиршавии омӯзгорони донишгоҳро на тасдиқ кард ва на рад. Ӯ афзуд, ки фавти шаш омӯзгор, иваз кардани ҷойи корӣ — ин ҳам як номзади илм ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл аст. “Баръакс, дар соли 2021 мо 136 корманд қабул кардем”,- таъкид кард ӯ.
Имомзода Муҳаммадюсуф, вазири маориф ва илми кишвар дирӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар мавриди шумораи омӯзгорони муҳоҷиршуда ягон рақами аниқ нагуфт ва хост аз ин масъала фоҷиа насозанд. Ӯ изҳор дошт, ки “таъкид мекунам, ин масъала нав нест”. Мавсуф гуфт, ки атрофи ин масъала имсол сарусадоҳо зиёд шуданд. Марг, беморӣ, нафақа ва иваз намудани ҷойи зист аз сабабҳои асосии тарки муассисаи таълимӣ кардани омӯзгорон гуфта шуд.
Рӯзномаи “Тоҷикистон” аз Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пурсид, ки “ба андешаи шумо, муҳоҷиршавии омӯзгорон фоҷиа буда метавонад?”.
— Агар ин масъала муҳим намебуд, шумо бонги изтироб намезадед. Омӯзгоре, ки таҷрибаву собиқаи корӣ дорад, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Рафтани омӯзгор аз донишгоҳ барои мо як дард аст,- посух дод ӯ.
Ба суоли батакрори рӯзномаи “Тоҷикистон”, ки “рафтани омӯзгорон ба муҳоҷират фоҷиа аст ё не?”, мавсуф чунин посух дод: “Рости гап, паҳлуҳои сотсиологии ин масъала бисёр таҳқиқи дурударозро талаб мекунад. Норасоӣ ҳаст. Ин дар пай мушкилӣ дорад. Инро эҳсос мекунам”.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ