Ба «Ҳосилот» медалҳои биринҷӣ тақдим гардиданд

Ба бозигарон, ситоди мураббиён ва роҳбарияти бошгоҳи “Ҳосилот”-и Фархор барои ишғоли зинаи сеюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2021 медалҳои биринҷии мусобиқа тақдим гардиданд.

Бино ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, медалҳоро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси ноҳияи Фархор Зариф Вализода супориданд.

— Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов қайд намуд, ки “Ҳосилот” дар мавсими 2021 хело наздик буд ба баромадан ба Лигаи олӣ ва роҳбарият, футболбозону мураббиёнро бо ин муваффақият муборакбод намуда, барору комёбӣ дар мавсими нави Лигаи аввал таманно намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *