Як умр кифоя нест…

Ман ҳанӯз бо ручка дар варақи нотанависӣ, ки монускрипт ном дорад, менависам. Бо компютер кор кардан хоси ман нест. Баъд монускриптҳоро ба мутахассисон медиҳам, ки ба компютер ворид кунанд. Мусиқӣ бояд аз қалб ояд, компютер техника аст.

Толиб Шаҳидӣ аз дастовардҳо, вазъи мусиқӣ ва роҳҳои ба ҷаҳон баровардани он гуфт

Толиб Шаҳидӣ, композитори саршиноси ҷаҳонӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки солҳои охир дар Маскав ва Лондон зиндагӣ мекунад, дар ин авохир дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Оҳангсози маъруф зимни сафари худ ба бастакорон ва навозандагони ҷавон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  мастер-класс гузаронид ва меҳмони оркестри навтаъсиси симфонии назди Президенти кишвар буд. Доир ба вазъи мусиқии тоҷик, роҳҳои инкишофи он, дастовардҳо ва нақшаҳои эҷодии худи Толиб Шаҳидӣ бо эшон ҳамсуҳбат шудем.

Ҳисоботи Толиб Шаҳидӣ

-Толиб Зиёдуллоевич, гарчанде солҳои охир берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунед, бо вуҷуди ин мо дурии шуморо сафари эҷодӣ пиндошта, ҳар омаданатон аз шумо ҳисобот мепурсем. Имрӯз низ мехоҳам суҳбатамон аз ҳисоботи эҷодиатон оғоз шавад.

-Гумон мекунам, ки беҳтарин дастоварди ман дар соли гузашта эҷод шудани асари «Метафоры по Крейцеровой сонате» аст, ки онро ман дар асоси эҷодиёт ва андешаҳои Лев Толстой навиштам. Ин асар дар озмуни умумирусиягии «Толстой глазами композиторов», ки бахшида ба 190-солагии нависандаи бузург баргузор шуд, сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи Галереяи Михайлов шуд.

Нахустнамоиши «Метафоры» санаи 16 сентябр дар шаҳри Тула  ва ҳамчунин, дар   Ясная поляна дар иҷрои  Хори давлатии Тула ва Хори камеравии Консерваторияи Москва таҳти роҳбарии профессор Александр Соловёв доир шуд.

Ҳамчунин, ин асар дар толори консертии Фестивали байналмилалии «Московская осень» ва санаи 4 декабр дар Толори калони Иттифоқи композиторони Русия садо дод.

ӣ шуморо такон дод, ки ба эҷодиёти Лев Толстой муроҷиат кунед?

-Шумо хабар доред, ки банда қаблан дар асоси эҷодиёти Румӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигар адибони бузург ҳам асарҳои мухталиф эҷод карда будам. Офаридани «Метафоры» барои ман ғайриинтизор буд. Як рӯз ба ман занг зада, хабар доданд, ки чунин як фестивал мегузарад ва хоҳиш карданд, ки ман ҳам чизе пешниҳод кунам. Баъд розигӣ додан, санаи баргузории фестивалро пурсидам. Гуфтанд, ки 16 сентябр. Вақт тамоман кам монда буд. Ҳатто замоне ки афишаҳо аллакай паҳн шуда буданд, мусиқии ман ҳоло омода набуд. Бо вуҷуди ин, ман дар асосии «Крейцерова соната»-и Толстой «Метафоры» -ро барои хор ва фортепиано пешниҳод кардам.

-Худи Толстой мусиқиро аз ҳама чиз боло мегузорад. Ӯ мегӯяд: «Я должен сказать, что вся эта цивилизация – пусть она исчезнет к чертовой матери, но – музыку жалко!»…    

-…ва «Крейцерова соната»-и Бетховен дар маркази ин повести Толстой қарор дорад. Толстой на танҳо мусиқиро дӯст медошт, балки онро аз нота ҳам хонда метавонист ва дар фортепиано менавохт. Ӯ ҳатто дар ҷавонӣ мусиқӣ ҳам эҷод мекард ва аз ӯ як соната ҳам мерос мондааст. Ман, қабл аз он ки  «Метафоры»-ро нависам, «Крейцерова соната»-ро борҳо мутолиа кардам. «Метафоры»-и ман таҷассуми мусиқии ин асар аст, таҷассуми сарнавишти инсон, сарнавишти занон, рашк ва оқибатҳои он…

Қабл аз «Толстой глазами композиторов» рӯнамоии асари нави шумо дар Италия баргузор шуд, ки дар он шаҳрдори Леричи ширкат кард…

-Бале. Дар шаҳри Леричи дар доираи фестивали байналмилалии мусиқӣ, ки он ҳам ба бузургдошти Байрон буд, рӯнамоии ҷаҳонии консерти ман дар алт баргузор шуд. Навозандаи беҳтарин  Максим Новиков солисти ин консерт буд ва ба он Ҷанлуко Марчиано (Gianluca Marciano) дирижёрӣ кард. Дар доираи ин барнома ҳамчунин сюитаи балети ман «Марги судхӯр» садо дод, ки соли 1978 бахшида ба 100- солагии устод Айнӣ эҷод шуда, дар Театри опера ва балет дар ҳамкорӣ бо балейтмейстер Сталина Азаматова ба саҳна гузошта шуда буд. 40 сол аст, ки Тоҷикистон дигар ба ин асари ман рӯй наовард, ҳол он ки дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ он чандин маротиба иҷро шуд. Дар қисмати дувуми ин консерт асарҳои устоди ман Арам Хачатурян иҷро шуданд. Ин композитсия «Устод ва шогирд», «Арманистон ва Тоҷикистон» ном дошт. Баъди ин, композитсияи маро Ҷанлуко Марчиано дар Белград иҷро кард, ки ман дар он иштирок надоштам. Ин рӯнамоӣ хеле ҷолиб буд, зеро шунавандаи Ғарб дар фазои ҷолиб бо мусиқии барояшон ғайримаъмулӣ – мусиқии Тоҷикистони дур ошно шуданд. Ҳамчунин, дар соли 2018 дар Лондон нахустин иҷроиши консерти ман дар алт баргузор шуд, ки онро дирижёр Филипп Маккензи ва Оркестри симфонии Лондон иҷро карданд.

Консерте, ки баргузор нашуд

-Чанд рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балет шумо бо бастакорон ва навозандагони ҷавон мастер-класс гузаронидед. Бардоштатон аз ҷавонон чӣ гуна аст?

-Даъфаи гузашта, вақте ман ба Тоҷикистон омадам, дар Театри опера ва балет консерти симфонӣ баргузор карда будам, ки дар он мусиқии классикӣ ва композиторони асри ХХ иҷро шуданд. Аз ҷумла «Вальс»-и Шостакович, ки дар тамоми ҷаҳон иҷро мешавад, сюитаи «Кармен»-и Шедрин, асарҳои падарам, пора аз балети «Рубоиёти Хайём»-и худам, асарҳои Бах, Рахманинов ва ғайра. Ба ман муҳити театр писанд омад ва консерти маро ҳам тамошобин хуб қабул кард. Толор пур буд ва ҳама изҳори миннатдорӣ мекарданд. Имсол ҳам бо нияти баргузории консерт омада будам, аммо ба он ноил нашудам. Бинобар ин, қарор додам, ки бо ҷавонҳо мастер-класс гузаронем. Суҳбати мо бо ҷавонон хеле самимӣ буд, мо аслан дар мавриди мусиқии касбӣ ҳарф задем. Ман ба онҳо аз таҷрибаи бардоштаи худ аз мактаби падарам, устодонам Хачатурян ва  Тер-осипов нақл кардам. Таъкид намудам, ки барои бастакори ҳақиқӣ шудан ва ба ҷаҳон баромадан донистани мусиқии миллии худамон – фолклор бисёр муҳим аст. Яъне бо пурра фаро гирифтани классикаи ҷаҳонӣ бояд ба сарчашма баргашт ва корҳои ҷолиб кард. Ҳамчунин, мо бо навозандагони ҷавон аз Рахманинов, Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигар композиторон асарҳо иҷро кардем, корҳои зуди ҷавононро шунидем. Хулоса, ҷавҳар ҳаст, истеъдод ҳаст, фақат рушд додан лозим. 

-Гуфтед, ки нияти баргузор кардани консертро доштед, аммо ба он ноил нашудед. Сабаб чист?

-Роҳбарияти театр гуфтанд, ки репертуари театр барои як моҳ банд аст ва ман бояд барвақттар муроҷиат мекардам. Онҳо пешниҳод карданд, ки дар моҳи оянда консертамро гузаронам. аммо ман охири ин моҳ меравам ва бояд ба консерти нав омодагӣ бинам. Дар Лондон нахустконсерти ман дар виолончели баргузор мегардад.

Синтези Шарқ ва Ғарб

-Шумо дар мавриди пайванди фолклор бо мусиқии касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ кардани он дар ҷаҳон ҳарф задед. Мувофиқ кардани фолклори мо ба мусиқии академӣ то куҷо имконпазир аст?

-Устоди ман Хачатурян мегуфт: — «Помни истоки национальной музыки». Синтези мусиқии миллии мо бо мусиқии академӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ оғоз шуда буд. Ин таҷриба нахуст дар филмҳои «Ман бо духтаре вохӯрдам, «Писар бояд зан гирад» «Қисмати шоир» шурӯъ шудааст. Ёд дорам, ки Андрей Бобоев – оҳангсози барҷастаи озарбойҷонӣ барои навиштани оҳанг ба ин кинофилмҳо ҳамеша аз машварати падарам бархӯрдор мешуд. Андрей Бобоев аз падар хоҳиш мекард, ки дар титри филмҳо ӯро чун ҳаммуаллиф ё ақаллан мушовир нависад, аммо эшон рад мекарданд: «Шумо меҳмон, илова бар ин хизмати шумо ба мусиқи тоҷик кам нест»,- мегуфтанд. Ана дар ҳамин филмҳо бори нахуст оркестр бо асбобҳои халқии мо пайвастааст.  Мусиқии «Писар бояд зан гирад»-ро нахуст Оркестри синамои Русия сабт кард ва мо дар Тоҷикистон ба он асбобҳои миллиро ҳамроҳ кардем. Барои ҳамин онҳо ба дили тоҷикон роҳ ёфта, то имрӯз садо медиҳанд. Ман тамоми умр ба синтези мусиқии тоҷик бо ҷаҳон машғул шудаам. Ҳатто дар «Метафоры» аз ритмҳои худамон истифода кардам. Дар 110- солагии Арам Хачатурян аз ман хоҳаш карданд, ки ягон чиз нависам ва ман ропсадияе навиштам, барои фортепиано, оркестр ва дудук, ки хеле хуб қабул шуд. Қаблан мо бо Абдувалӣ Абдурашидов чандин маротиба чунин таҷрибаҳоро карда будем, ки дар Театри давлатии академии опера ва балет иҷро шуд ва дар YouTube ҳам гузошта шудааст.

-Мусиқии мо чӣ ҷаззобияте дорад, ки шунавандаи ҷаҳонӣ, барои мисол Ғарбро ҷалб кунад?

-Мусиқии аврупоӣ сохтори баробариҳои математикӣ аст, мусиқии Шарқ – ҳиндӣ, эронӣ ва тоҷикӣ бошад, андеша дорад. Бинобар ин, он ба қалб роҳ меёбад. Тасаввур кунед, мақом ё саторо,вале вақте  онро бо мусиқии Ғарб синтез кунем, барои мисол Микеланджело, Пикассо, Салвадор Дали ба вуҷуд меояд.

-Ба гуфти Толстой «..но – музыку жалко!»… Воқеан, мусиқии мо дар замони шӯравӣ бо пайдо шудани шумо, Фирӯз Баҳор, Зарина Миршакар ва дигар бастакорони навназар хеле қавӣ шуд, аммо зуд пароканда гардид. Фирӯз Баҳору шумо аз Тоҷикистон рафтед, дирижиёрону навозандагон ҳам пароканда шуданд ва ин боиси суст шудани мусиқии касбии мо гардид. 

-Ин раванд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ағлаби давлатҳои пасошӯравӣ сурат гирифт. Барои мисол, аз Русия София Губайдлина ва Радион Шедрин барин композиторони бузурги Русия ҳам рафтанд.  Сабаби ин ҷараён тағйир ёфтани фаҳмишҳо аст. Оҳиста-оҳиста ҳама ба ҷойи худ бармегардад, ҷомеа рушд мекунад, шахсиятҳои нав пайдо мешаванд. Имрӯз дар мусиқии тоҷик ҳам пешравиҳо кам нестанд. Шукри Худо оркестри давлатии симфонӣ ташкил шуд, яъне барои бастакорони тоҷик баҳонаи навиштани асарҳо ба оркестри симфонӣ ба вуҷуд омадааст. Яъне қадамҳои нахустин барои рушд, барои тағйирот гузошта мешаванд.

«Одной жизни мало»

-Шумо аз Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон дидан кардед. Фаъолияти онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Маро бо ташаббуси дирижёри оркестр Алишер Солиев, ки хатмкардаи Консерваторияи Санкт-Петербург аст, даъват карданд, то ки аз кори оркестр дидан карда, машварат диҳам. Оркестр оркестри хуб аст, гарчанде ба мутахассисон ниёз дорад. Масалан, ман омодаам, ки бе ягон тамаъ ба ин оркестр кумак кунам. 

-Барои рушди ин оркестр чӣ кор бояд кард?

-Кадрҳои баландихтисос тарбия кардан лозим. Пешниҳод мекунам, ки барои ин оркестр махсус ҷавонҳо ба консерваторияҳои Тошкант, Алма-ато ва Русия фиристода шаванд ва Ҳукумати кишвар ҳатман бо онҳо шартнома бандад, ки пас аз таҳсил ба кишвар баргарданд. Зеро дар Тоҷикистон имрӯз навозандагони баъзе асбобҳо ҳамагӣ як нафаранд, ки дар як вақт ҳам дар оркестр, ҳам дар театр ва ҳам дар консерватория кор мекунанд… Баъдан бастакорони мо бояд мусиқии ҷаҳон, фолклори худамон ва таърихи мусиқии касбии худамонро ҳам омӯзанд. Мо дар замони шӯравӣ анъанаҳои неке доштем, ки пас аз гузашти солҳо кас ба ҳайрат меояд. Айни замон дар Театри давлатии академии опера ва балети худамон операи «Травиата»-и композитори итолиёви Ҷузеппи Вердӣ меравад, ки ҳатман онро тамошо хоҳам кард… Ин асар ҳанӯз солҳои кӯдакии ман дар Театри опера ва балет мерафт.  3 моҳ қабл дар Милан ман «Травиата»-ро тамошо карда, дар ҳайрат мондам, зеро декоратсияи он ба декоратсияи «Травиата»-и Театри солҳои 60-уми асри ХХ тоҷик монанд буд. Яъне, чанд даҳсола пеш мо дар баробари имрӯзи ҷаҳон кор мекардем. Айни замон дар театри мо асарҳои хуби ватаниву ҷаҳонӣ меравад…

-Барои тайёр кардани кадр чанд сол интизор бояд шуд. Дар шароити кунунӣ, бо дарназардошти имкониятҳои мо, чӣ бояд кард, ки аз ҷараёнҳои мусиқии ҷаҳон қафо намонем?

-Албатта, бояд кор кард. Асарҳои арзандаро ба шароити феълӣ созгор карда, пешкаши тамошобин кардан лозим. Масалан, агар ман ин ҷо мешудам, нахустин коре, ки мекардам,  симфонияи Чайковскийро гирифта, барои фортепиано мутобиқ намуда, таҳия мекардам. Зеро барои гузоштани Чайковский оркестри саднафара лозим аст… Хулоса, барои тағйирот даровардан дар ин ҷо  «Одной жизни мало» — Як умр кифоя нест…

-Имрӯз ягон асари арзишманди академӣ дорем, ки ба ҷаҳон пешниҳод кунем?

-Асарҳои хурд барои пианино, скрипка ва ансамбли на он қадар калон ва дуэт ҳаст албатта. Онҳоро ба хориҷи кишвар даъват кардан имкон дорад. Асарҳои шогирдони ман, ки то соли 2005 дар консерватория, дар курси ман таҳсил мекарданд, ҳастанд. Аммо баъди рафтанам зиёд огоҳӣ надорам…

Умри дарози «Муҳаббат»

-Суруди «Муҳаббат»-и падаратон Зиёдулло Шаҳидиро Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Филпот иҷро кард. Онро гӯш кардед?

-Бале.

-Чӣ назар доред?

-Ба ман хеле писанд омад. Беҳтарин иҷроиш буд. Ҳатто дар ҷойҳое, ки ба нота намеафтад, боз беҳтар шудааст. Мо баъди ин дар Лондон вохӯрда ҳамсуҳбат шудем. Ӯ ба тоҷикон муҳаббати бисёр дорад, ҳатто куртаи атлас ба бар кардааст.   

-Асрори дарозумрии «Муҳаббат» дар чист?

-Дар мувофиқ омадани шеъру оҳанг. Ин сурудро нахуст Батир Зокиров иҷро кард ва он маъруф шуд, аммо вақте  Рашид Бейбутов онро сароид, он ҳамаи марзҳоро убур кард. Чандин клип шуд, ҷавонҳо онро бозхонӣ мекунанд, қариб дар ҳамаи дунё садо медиҳад.

-Мусиқии шумо дар бузургтарин толорҳои ҷаҳон садо дод ва шумо аз толорҳои бузургтарин мусиқии ҷаҳониро шунидед. Дар муқоиса ба Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳамчун падар не, ҳамчун композитор чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Ӯ барои ман сарчашмаи илҳом аст. Сарчашма – мусаффотарин ва тозатарин об. Сурудҳои ӯ, операи «Комде ва Мадан»-и ӯ ҳамеша бо ман аст.  Ӯ ҳамеша ҳамроҳи ман аст. Ман фиттаи сурудҳои ӯро ҳамеша дар мошинам гӯш карда меравам. Ин коллексияи ҷолибест, ки Рена Ғолибова, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Зебо Аминова месароянд. Ронандаи ман ҳам баробари ҳаракати мошин ин фиттаро мегузорад. «Ситораи ман», ки онро Зебо Аминова аввал ва Муқаддас Набиева баъдан сароиданд, хеле дилнишин аст. Ман дар мусиқии ӯ тухмҳои тозаеро кашф мекунам, ки аз онҳо баъдан дарахти борваре парвардан мумкин аст. Ман ҳамеша аз ӯ илҳом мегирам…

Бедории миллӣ дар мусиқӣ

-Оё мактаби мусиқии шӯравӣ ва муосир, ки шумо намояндаи ҳар ду ҳастед,  фарқияти калоне дорад?

-Бале. Аммо равандҳои мусиқии муосирро мо каме пештар шурӯъ карда будем. Мусиқии муосири мо бештар ба худшиносии миллӣ майл кард. Дар ин ҷараён банда ҳам шомил будам. Ҳанӯз 40 сол қабл симфонияи «Тоҷикон»-ро дар асоси китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Марги судхӯр»-ро дар асоси повести ҳамноми устод Айнӣ, «Рубоиёти Хайём»-ро дар ҳамкорӣ бо Маҳмудҷон Воҳидов, «Юсуфи гумгашта»-ро дар ҳамкорӣ бо Фаррух Қосимов, операи «Посбони оташ»-ро дар асоси эҷодиёти М. Турсунзода, операи «Амир Исмоили Сомонӣ»-ро аз рӯйи либреттои Низом Қосим эҷод кардам. «Рубоиёти Хайём»-ро бо балети Малика Собирова сабт кардем, мутаассифона телевизиони тоҷик имрӯзҳо онро нишон намедиҳад. Шукр, ки тариқи YouTube дастраси мардум аст.   

-Имрӯз компютер мусиқиро ҳам фаро гирифтааст. Оё шумо аз имкониятҳои он истифода мебаред?

-Ман ҳанӯз бо ручка дар варақи нотанависӣ, ки монускрипт ном дорад, менависам. Бо компютер кор кардан хоси ман нест. Баъд монускриптҳоро ба мутахассисон медиҳам, ки ба компютер ворид кунанд. Мусиқӣ бояд аз қалб ояд, компютер техника аст.

-Эстрада гӯш мекунед?

-Бале, аммо на оне ки ҳозир мешунавем, (ба мусиқие, ки дар фазои қаҳвахона садо медод, ишора мекунад- О. Н.).

-Дар рингтони телефонатон чӣ мусиқӣ аст?

-Аз мусиқии худам.

Рафтану баргаштан

-Чаро шумо аз Тоҷикистон рафтед?

-Ҳолате пеш омад, ки ман бояд мерафтам.

-Яъне, рафтани шумо бо иродаи худатон набуд?

-Не, ман худам рафтам, зеро фарзандонам рафта буданд.

-Онҳо машғули чӣ коранд?

-Табрез продюсери ширкати продюссерии «Империя музыки» аст ва ба Тоҷикистон зиёд кумак мекунад. Сарояндагони тоҷикро дар Русия муаррифӣ мекунад ва ҳамчунин, сарояндагони хориҷиро ба кишвари худамон меорад. Ҳофиз ва Фирдавс бошанд, дар Лондон маълумоти хуби иқтисодӣ гирифтанд ва он ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Ману ҳамсарам Гулсифат кӯшиш мекунем, ки ба онҳо кӯмак кунем ва ҳамеша дар паҳлуяшон бошем, аммо зиндагӣ дар се давлат – Русия, Британия ва Тоҷикистон на ҳамеша ба ин имкон медиҳад. 

-Кай бармегардед?

-Ин ба иродаи ман вобаста нест.

-Агар даъват кунанд, меоед?

-Дар ин синну сол? Намедонам. Агар 4-5 сол қабл даъват мекарданд, шояд меомадам…

Мусоҳиб

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *