Як зан се мардро фиреб доду ба даст афтод
Чуноне ВКД хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, директори филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи яке аз бонкҳои ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 22-юми июли соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 195 ҳазору 580-сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин зани гумонбаршуда рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ бо ҳамин тариқ аз марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 158 ҳазору 400-сомониро ҳамчун қарз гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Тафтишот муайян намуд, ки гумонбаршуда моҳи июли соли 2017 бо чунин тарз аз марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо баҳонаи аз Ҷумҳурии Қирғизистон дастрас намудани ғалла, 892 ҳазору 770-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ