Яке ӯро ситоиш карду дигаре накуҳиш

Овозаи ба бехонае хона туҳфа кардани тоҷире бо номи Раҳим (азбаски зодаи Рашт аст, ба номаш нисбаи ғармиро илова кардаанд) сарусадои зиёде барангехт. Аксарият аз ин иқдоми ҷавонмардонаи Раҳим хушнуд шуданд ва дар ҳаққаш дуову орзуҳои зиёде карданд. Аммо гуруҳе пайдо шуданд, ки ӯро танқиду накуҳиш ҳам карданд.

Ба ин маънӣ, ки чаро ба марде, ки чор ишкелаш бутун аст ва метавонист худаш заҳмат кашида, соҳиби хона шавад, ёрӣ карду дар ҳаққи даҳҳо занони дар чорсӯи ҳаёт хору залилшуда ё маъюбони эҳтиёҷманд ин корро накард?…

Ин гуна мавқеъгириҳо, агарчи фикри шахсии гӯяндагонашон бошанд ҳам, дурусту мантиқӣ нест. Чаро? Раҳим ба бехонае ёрӣ кард, метавонист накунад, чунки пулу моли худаш асту хоҳиши худаш. Ба молу ҳоли каси дигар назари бад кардан аз тақозои ахлоқ нест. Носазо гуфтан дар ҳаққи касе, ки як одами дигарро дастгир шудааст, нишонаи тангназарист.

Баръакс, гумонам, ӯро хеле зиёд бояд ситоишу тавсиф кард, ки чунин олиҳимматӣ кардааст. Як вазъи санҷидашудаи равонӣ (аз нигоҳи илми равоншиносӣ) пеш меояд: Раҳим аз ин дастгириҳо ва истиқболи гарми мардум хушнуду руҳбаланд шуда, баъдан ба ёрмандии қишрҳои дигар бо дилу нияти нек машғул хоҳад шуд. Бовар дорам, ки ба садҳо мардуми эҳтиёҷманд дасти сахояш хоҳад расид: ҳам ба занони эҳтиёҷманд, ҳам ба пирони барҷомонда, ҳам ба ҷавонони доништалаб, ҳам ба маъюбону дардмандон, ҳам ба аҳли илму фарҳанг…

Шояд фонде ҳам таъсис диҳад, ки фаъолияти ҳамешагӣ дошта бошад, мисли сарватмандони аврупоиву амрикоӣ… Шояд фаъолияти месенатиро пеша кунад, то ки номаш дар таърих абадуддаҳр сабт шавад, мисли Месенат ном тоҷире аз Рими қадим, ки беш аз 50 нафар аз илму фарҳангро аз хонаву дар сар карда, то қаламу коғаз таъмин мекард, то ки онҳо осуда эҷод кунанд… Бинед, наздики якуним ҳазор сол гузашту номи Месенат ҷовидона монд… Ҳол он ки, чандон илму саводе ҳам  надошт, аммо пеши ҳиммат ва одамияти ӯ то кунун мардуми тамоми олам сари эҳтиром поин мекунанд…

Хулоса, Раҳимро офарин бояд гуфт ва руҳбаланд бояд кард… Ман чунин фикр мекунам.

Ҳафиз РАҲМОН,

публитсист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *