Яке аз Мукаммиловҳо дар зиндон вафот кард

Қаноат, яке аз панҷ бародарон Мукаммиловҳо, ки ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиаи  Тоҷикистон айбдор шудаанд, рӯзи 2 март дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе даргузаштааст. Ӯ ҳамроҳ бо бародари дигараш — Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода — тобистони соли гузашта дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Мақомот гуфтанд, ин ду бародар пас аз ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим ба Русия фирор карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе охири соли гузашта Қаноат Мукаммиловро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва фирор аз ҷавобгарӣ барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Мақомот се бародари дигари ӯро барои пинҳон кардани ду таппончаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намудаанд.

​Мақомоти расмӣ то кунун сабабҳои марги Қаноат Мукаммиловро ошкор накардаанд. Зубайда Мукаммилова, хоҳари Қаноат,  гуфтааст,ки  бародараш гирифтори бемори сил буд ва ҳамчунон аз дарди гепатит ранҷ мебурд. Ӯ гуфт, аз замони боздошт то лаҳзаи мурданаш ӯро ба наздиконаш нишон надодаанд.

«Мо мехостем, барояш дору барем ва табобаташ кунем, вале иҷозат надоданд. Бемории ҳепатиташро тамоман табобат накардаанд. Ин саҳар пас аз талоши зиёд ба мо ҷасадашро доданд», — афзуд ӯ.Қаноат Мукаммилов солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар бурда, ҳамсари рус доштааст. Ӯ бефарзанд буда, як нафарро ба фарзандхонӣ қабул карда, бузург кардааст. Ҳоло чаҳор бародари дигар аз хонаводаи Мукаммиловҳо дар зиндон қарор доранд.Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *