Заминфурӯш ин бор 13 сол гирифт

Суди ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Нуралиев.А-ро дар фурӯши такрории заминҳо, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии  Тоҷикистон Нуралиев қаблан барои заминфурӯшӣ маҳкум шуда буд, аммо баъди адои ҷазо боз ба ин кори ғайриқонунӣ даст задааст: “Аз ҷумла давоми солҳои 2014 – 2015 бо «Ҳоҷиамон» ва «Холаҳмад» ном шахсон дар 6 ҳолат бо ваъдаи додани замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрвандон аз 1000 то 7000 долллар, ҷамъ 30 ҳазору 600 доллар гирифта, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оиди ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”.

Нуралиев барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин тариқи маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон ба 13 соли зиндон маҳкум гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *