Ярмаркаҳои мактабӣ оғоз шуданд. Молҳои «Наргис»-у «Фаррух Компания» дар Хуҷанд

Дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳр ярмаркаи либоси мактабӣ ташкил гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ярмарка анвои гуногуни либоси мактабӣ барои духтарон ва писарон, либосҳои варзишӣ, лавозимоти хониш ва ғайраҳо, ки истеҳсоли ширкати ватании «Наргис», «Фаррух Компания», ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, пешниҳод карда шуд.

— Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *