Турсунзода: “Физикҳо” ҳам “лирик” мешаванд…

Новобаста ба он, ки шаҳри Трусунзода ба шарофати Заводи алюминбарорӣ яке аз саноатитарин шаҳрҳои кишвар аст, дар ин ҷо ба фарҳангу маънавиёт эътибори хоса медиҳанд.

Махсусан озмуни умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”дар ин ҷо мавқеъ пайдо карда, ба қавле “физикҳо”-ро ҳам “лирик” кард. Дар нишасти баргузоршуда таҳти сарварии раиси шаҳр Парвиз Акрамзода вобаста ба рушду камбудиҳо маълумот дода, ба саволҳои зиёди хабарнигорон  ҷавоб гуфта шуд. Маълум гардид, ки Турсунзода дар аксари кулли нишондодҳои омории мусбат пешсаф аст. Аммо маҳаки асосии суҳбат боз ҳам фарҳанг буд ва беҳуда нест, ки ин шаҳр номи шоири машҳури тоҷикро ба худ гирифтааст.

Тавре маълум шуд, дар шаҳр дар марҳилаи аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” 4032 нафар ширкат кардаанд, ки аз онҳо 3084 нафарашон хонандагони мактаб, 663 нафар омӯзгорону мураббиён, 159 нафар соҳиби касбҳои дигар ва 126 нафарашон донишҷӯён будаанд.

Ҳамчунин, шавқмандони илму фарҳанги шаҳр боз дар чанд озмуни фарҳангии дигар ширкат ва қувваозмоӣ кардаанд. Ба марҳилаи минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз Турсунзода 150 нафар роҳ ёфтаанд, ки ин нисбати дигар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ хеле бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *