Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар чор ноҳияи пойтахт (аудио)
Дар арафаи соли нави мелодии 2023 аз 21 то 31-уми декабри соли равон дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидаааст.
Бино ба иттилои Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ин иқдом бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони пойтахт гирифта шудааст.
— Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД “Бозори Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), майдончаи назди бозори “Қарияи боло”-и ноҳияи Сино ва майдончаи назди КВД “Бозори Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил ва баргузор хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ