Фарҳангсолор. Ёде аз Арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов

Санаи 21-уми декабри соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 95-солагии адиб ва Арбоби намоёни давлатӣ Холмурод Шарифов ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор мегардад. Ба пешвози ин чорабинӣ “Тоҷикистон” аз корномаи ин фарҳангсолори номвар баъзе қайдҳоро пешкаши шумо мекунад.

Зиндагиномаи Холмурод Шарифов

Холмурод Шарипов — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 12-уми феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонадонашон ба водии Вахш кӯч бастааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст. Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа ноил гардидааст.

Ӯ ҳамчунин муддате ҷонишини мудири шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт. Холмурод Шарипов 26-уми декабри соли 2017 аз олам чашм пӯшид.

Осори илмии мавсуф дар китобҳои «Меҳнати ҷамъиятӣ ва инкишофи шахсият» (1962), «Техника. Труд. Человек» (дар китоби «Труд как фактор развития личности»; Москва, 1963), «Ташаккули одами нав» (1965), «Социалистическая культура таджикского народа» (1974), «Омилҳои педагогӣ ва психологии кори ҳизбӣ-сиёсӣ» (1971) ва ғайра ба табъ расидаанд. Хусусан асари «Бунёди маънавии одами нав» (1977, 1984) аз тарафи ҳамагон хуш пазируфта шудааст. Бисёр навиштаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ чоп шудаанд.

Солҳои охир Х. Шарифов чун нависанда, публитсист, санъатшинос ва хотиранигор шуғл меварзид. Асарҳои ӯ «Гард дар мижгон» (1972), «Нақши хотир» (1988), «Зов памяти» (1989), «Рози дил» (1991), «Оламафрӯзон» (1992), «Сарнавишт» (1994), «Алтернатуф» (2001), «Ахтарони фарҳанг» (2002), «Меҳрнома» (2004), «Ҷаҳони Марям Исоева» (2011), «На звездном празднике столетья» (2014) ва ғайра дар инкишофи жанри очерку портрету ҳикоя, хусусан сафарномаву ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик саҳм гузоштаанд.

Эмомалӣ РАҲМОН,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

“Муҳтарам Холмурод Шарифович!

… Маҳз бо кӯшиш ва талошу заҳматҳои шумо барин шахсони фидоӣ тӯқайзорҳои водии Вахш ба гулзор, талу теппаҳои водии куҳсори Қаротегин ба боғзор ва даштҳои Панҷакенти бостонӣ ба макони меваҳои шаҳдбор табдил ёфтанд. Ҳар ҷое, дар кадом вазифае зиндагӣ ва кор карда бошед, шиоратон накӯномӣ будааст.

Тавре ки халқ мегӯяд, меҳнат рӯйи сурху сари баланд меоварад. Обрӯву эҳтиромро шумо маҳз аз меҳнат ёфтед. Вазифаҳои масъули ҳизбиву давлатиро бо камоли маҳорат ва масъулият ба ҷо овардед. Шумо аз ҷумлаи он шахсони мушкилнописандед, ки дарду шодии халқро дарду шодии худ медонед. Ҳатто пас аз меҳнати софдилонаву ҳалол ва ба нафақа баромадан ҳам худро аз кори ҷамъият дар канор нагирифтед. Вазифаи басо масъул — раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштед. Парлумони ҷумҳурӣ, вакилони халқ аз таҷрибаи бою дониши шумо фаровон истифода мебаранд. Шумо вазифаи раиси Кумита оид ба Ҷоизаҳои давлатии ба номи Рӯдакиро дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ба уҳда доштед.

Нақши бевоситаи шумо дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанги Тоҷикистон, бахусус, адибону ҳунармандон, ноширону муҳаррирон бузург аст. Театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳидов, Сирки давлатӣ, Донишкадаи санъати ҷумҳурӣ, нашриёти “Адиб” ва иттиҳодияи “Матбуот” бо саъю талошҳои бевоситаи шумо арзи вуҷуд кардаанд. Хидмати шумо дар эҳёи суннатҳои халқ, мисли иди Наврӯз, нашри китоб бо алифбои ниёгон ва ғайра назаррас аст”.

Муъмин ҚАНОАТ,

Шоири халқии Тоҷикистон:

“Холмурод Шарифовро ба ҳайси риҷоли сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ солиёни дароз мешиносам. Борҳо масъалаҳои муҳими адабиро ба хубтарин шева ҳал намудаем. Дар ҳамсоягӣ, яъне дар “Боғи ятим” маҷлисҳои унс ва суҳбатҳои самимӣ гузаронидаем ва нашъаи он суҳбатҳо то кунун боқист”.

Сотим УЛУҒЗОДА,

Нависандаи халқии Тоҷикистон:

“Ман ду асари Холмурод Шарифов “Гард дар миҷгон” ва “Зов памяти”-ро (ба русӣ) мутолиа карда, ба чунин хулоса омадам, ки муаллиф, бешак, қобилияти эҷоди асарҳои бадеиро дорост. Ҳикояҳои ӯ “Рассказы о нравах» бо навигарии майлу мавзуъҳо, бо диди хоси бадеӣ ва баёни дилангези худ қобили таваҷҷуҳанд ва дар адабиёти тоҷик сухани нав мебошанд. Очеркҳояш аз ошноӣ ва муоширати ӯ бо шахсони номдор, шоирон, нависандагони маъруфу машҳур шавқовар, муассир ва мушоҳидакорона мебошанд”.

Аълохон АФСАҲЗОД,

профессор:

“… Ду бор Ҳошим Гадоев ба унвон ва мукофотҳои баланд пешниҳод шуд. Як бор ба унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон ва бори дигар ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Рӯдакӣ оид ба адабиёту ҳунар. Аммо роҳбарияти ҳамонвақтаи театру “Тоҷикфилм” бо иғвои бадхоҳони ӯ бо ҳар баҳона ҳуҷҷатҳои ӯро нигоҳ медоштанд. Ин ҷо танҳо нотавонбинӣ буд. Бо хоҳиши Ҳошим Гадоев ман ба Холмурод Шарифов муроҷиат намуда, масъаларо фаҳмондам. Мамониатҳо аз сари роҳи Ҳошим Гадоев гирифта, комёб шуд ва тантанаи ҳақиқатро ҳамагон диданд. Ҳамин навъ мисолро дар ҳақи шодравон Ғаффор Валаматзода, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, равоншодони зиндаёд Одина Ҳошим, Маҳмудҷон Воҳидов, Малика Собирова ва дигарон низ метавон гуфт, ки борҳо бо саъйи Холмурод Шарифов туҳмату буҳтонҳо аз зиммаи онҳо бардошта шудааст. Ё як мисоли дигар: Боре дар рӯзномаи ҳизбии “Тоҷикистони Советӣ” Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб ва ҷавонэҷодкорони соҳибистеъдоди дигари он солҳо ба декадентӣ, яъне шаклпарастӣ айбдор карда шуданд. Аммо касе аз онон ҷавоб намегуфт. Расо баъди як моҳи чопи он мақолаи буҳтонангез ман ба идораҳои расмӣ, ба шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, ки мудираш Холмурод Шарифов буд, ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва масъулони дигар муроҷиат кардам. Дар асоси мактуби камина масъала амиқ санҷида шуд ва айб аз зиммаи он ҷавонони эҷодкор бардошта шуд. Дафъаи дигар ба КМ ҲК Тоҷикистон хабар расониданд, ки повести Сорбон “Шинел” ва повести Куҳзод “Писандара” асарҳои зиддисоветӣ мебошанд. Барои муайян намудани арзиши аслии бадеии ин асарҳо КМ ҲК Тоҷикистон он асарҳоро барои тақриз ба ман доданд. Хонда баромадам. Аз он даъвоҳо дар он асарҳо чизе набуд. Албатта, айб дар гиребони ин ду нависандаи соҳибистеъдод начаспид. Дар нигоҳ доштани Сотим Улуғзода аз таъқибҳо баъди ба Англия паноҳ бурдани писари ӯ нақши Холмурод Шарифов бисёр калон аст. Маҳз ӯ буд, ки нагузошт бадхоҳони Сотим Улуғзода номи ӯро аз адабиёт, санъат, театр ва ҳунари кинои тоҷик бардоранд…”.

Муҳаммад ОСИМӢ,

академик:

“Рисолаи Холмурод Шарифов “Бунёди маънавии одами нав” бо таҳлил ва тадқиқи масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ — тарбияи эстетикии меҳнаткашон, парваридани сифатҳои наҷиби одами нав, бунёди маънавии муосирони мо ва махсусан роли адабиёт ва санъат ба ҳалли ин масъала бахшида шудааст. Як хусусияти ин асар дар ҳамин аст, ки муаллиф фикру андешаҳои назариявиро бо таҷрибаи таърихии адабиёт ва санъати халқи тоҷик мустаҳкам мекунад ва аз он далелу бурҳон меоварад…”.

Меҳмон БАХТӢ,

Нависандаи халқии Тоҷикистон:

“Ба сафи адибони касбӣ Холмурод Шарифов дертар ворид шуда бошанд ҳам, дар як муддати кӯтоҳ бо асарҳои бадеӣ, ёддоштнависиҳои ҷолиб тавонистанд ба дили ихлосмандони ин сабки эҷод роҳ ёбанд…”.

Низорамоҳ ЗАРИФОВА,

Ибодат РАҲИМОВА,

арбобони намоёни давлатӣ ва сиёсӣ:

“Агар сухан дар ҳақи Холмурод Шарифов равад, мо фақат беҳтарин суханҳоро гуфта метавонем, зеро ки асосан фаъолияти кориву умри бошууронааш дар пеши назари моён гузаштааст. Ӯ сабқати сахтгирии мактаби ҳаётро дар водиҳои Вахш, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин гузашта, соҳиби таҷрибаи бой гаштааст. Вақте ки дар дастгоҳи КМ ҲК ба ҳайси лектор, ҷонишини мудири шуъбаи идеологӣ ва мудири шуъбаи маданият фаъолият мекард, бемуҳобот дониши баланду қобилияти кордонӣ ва маҳорати ташкилотчигӣ нишон медод. Ӯ ҳамчун узви кумитаи марказии ҳизб ва раиси кумитаи Шӯрои Олии Тоҷикистон ташаббускор буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тамоми ғайрату кӯшишро сарф мекард. Илова ба кордонию ташаббускор буданаш Холмурод Шарифов бо сифатҳои беҳтарини инсонӣ — ростқавлӣ, садоқат ба дӯстиву рафоқат, эҳтиром ба инсон, ғамхорӣ ба мардум, ҳамкорон, хоксорӣ ва меҳнатдӯстии хоса соҳиби эҳтироми баланд гаштааст…”.

Мирсаид МИРШАКАР,

Шоири халқии Тоҷикистон:

“Аввалин шиносоии мо бо Холмурод Шарифов дар ҷашни таърихии зодрӯзи падари шоирони форсу тоҷик, бунёдгузори қасри газанднопазири назми дилафрӯзи форсизабонони дунё Рӯдакии бузург оғоз ёфта, дар байни ин 30 сол рӯз ба рӯз, соат ба соат мустаҳкам ва пойдор гардида, аз шиносоӣ ба дӯстӣ ва бародарии ҷонӣ мубаддал гардид”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *