Ярмаркаи маҳсулоти хушсифату арзон дар пойтахт

Ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагон имсол низ ин анъанаи некро идома дода, рӯзҳои 2, 3, 4-уми ноябр дар “Кохи Борбад” Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор менамоянд.

Дар ин бора масъули баргузории лоиҳа, директори ҶДММ “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ба pressa.tj хабар дод. 

Манбаъ зикр кард, ки давоми 3 рӯз зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон, аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “СоСа-Соlа, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слобода”, Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Гапзпромнефть”, “GMP”, “АКФА”, Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк”, “Душанбе-Сити+банк” молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш месозанд.

Мавриди зикр аст, ки Маросими расмии кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, сарпарастону иштирокчиёни лоиҳа ва дигар шахсони расмӣ санаи 2-юми ноябр, соати 09:00 дар «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Лоиҳа рӯзи 3-юми ноябр ҷамъбаст гашта, ғолибон бо ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” сарафроз гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *