Ятими дарам ҳокими сарам шуд (аудио)

Тайи чанд рӯз аст, ки дар як гӯшаи кишвари маҳбубамон нооромиву нотинҷист. Бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии мардуми ҳамсояҷумҳурамон Қирғизистон моро ба вартаи ҷанг кашид.

Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беҳтарин фарзандони миллати мо, ки қарзи Модар-Ватанро адо мекарданд, туъмаи тири душманон шуданд.

Тавассути расонаҳои хабарӣ дарёфтам, ки аскарабача аз вилояти Хатлонзамин Сафаралӣ Ҳасанов, ки ҳамагӣ то анҷоми муҳлати ҳатмии хизмати ҳарбиаш ду ҳафта боқӣ монда будааст, аз аввалин шаҳидони гулгункафани Ватан шуд. Ман ба ҳоли модари зораш раҳмам меояд, ки чӣ тавр марги ҷигарбандашро таҳаммул карда бошад?!

Бераҳмии ҷаллодони қирғиз то ба дараҷае расида будааст, ки ҳатто Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-соларо ҳадафи тири худ қарор додаанд. Ин кӯдакони маъсум бо садҳо ормонҳои кӯдакӣ иҷборан аз дунё рафтанд. Ва ба қавли дигар, фариштаҳои кӯчаки ормонӣ шуданд.

Мегӯянд, ки аз деҳаи қадимаи Овчиқалъачаи ноҳияи ба номи Б. Ғафуров дар ин ҳуҷуми ноҷавонмардонаи қирғизҳо 15 нафар шаҳиди аъло шуданд, ки Худованд раҳмату мағфираташон карда бошад.

Имрӯз кулли мардуми тоҷик, аз ҷумла худи қирғизҳое, ки соҳиби фарҳангу маданият ва посдори ҳақи намаки ҳамсояанд, кирдори сардори Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Ташиев ва пайравони гумроҳашро маҳкум мекунанд. Масалан, сокини деҳаи Оқсуи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон Соатбек Эгамбердиев дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ, ки санаи 18-уми сентябр пахш шудааст, амалҳои носавоби ҳаммиллатонашро маҳкум намуда, мегӯяд: “Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон раванди ҳодисаҳои номатлубро мушоҳида карда, мегӯям: ба ин ҳодисаҳои нангин на ин ки тоҷикон, балки худи мо — қирғизҳо айбодорем. Зеро, фитнаву иғворо на ин ки тоҷикон, гуруҳи муайяни қирғизҳо таҳти роҳбарии Ташиев андохта истодаанд”.

Ҳол он ки, аз таърих ба мо маълум аст: аввалин қирғизҳо солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳоти Ворух ба сифати мардикорчӯпонӣ омада, зимнан як-як авлодони худро ба кори чӯпонӣ оварданд ва бо ҳамин дар хоки Тоҷикистон муқимӣ гардиданд. Ба қавли дигар, онҳо “ятими дарамон буданду ҳокими сарамон шуданд”.

Носипосӣ ба нону намаки ин ё он миллат аз ҷониби миллати дигар кӯр хоҳад кард, ки гумроҳони мардуми қирғиз инро набояд фаромӯш кунанд.

Хуни шаҳидони гулгункафан ба гардани он фитнагарону оташандозони ҷанг аст, ки оқибатуламр худ ба гирдоби бало хоҳанд афтод.

Имрӯз ҳамчун модар ба қотилони фарзандони тоҷик нафрат мехонаму аз ҳалокати ҷавонсардони миллат хун гириста, аз забони Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш гуфтаниам:

Бар дидаи гирёни Ватан гиряму гирям.

Бар модари тоҷик, ки фиғонаш ба ҳаво рафт

Чун тифлаки домони Ватан гиряму гирям…

Умедахон МУҲАММАДЗОДА, сарвари МТУҒ «Ирфон», шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *