Ё Ҳабиб ё Конор…
Оғози занозанӣ аз ҷанҷол сар задааст
Хабари занозании мазкур дар олами мусобиқаҳои UFC ғулғула афкандааст: 6 октябри соли равон барои ҳифзи миёнбанд дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедови шуҷоъ бо Конор Макгрегори дар ҷанҷол номдор ба майдон мебарояд. Ин далел тасдиқи худро аз маъмурияти UFC ёфтааст.
Аммо ҷанҷол ё «занозании» ин ду ҷангии муҳорибаи омехта ним сол боз ба таври лафзӣ идома дорад.
Лобов чаро Ҳабибро «шиҷинг» гуфт?
Соли 2017 Ҳабиб ба унвони Конор санг партофт, ки ӯ ба мисли чӯҷа пой мезанад. Артём иддао дошт, ки Макгрегор ба рақобатҳо ҳатто бо зонуи латхӯрда мебарояд, Ҳабиб бошад, бо баҳонаҳои ночиз аз набард мегурезад. «Ким-куҷои дегаш дард мекунаду ӯ аз мубориза даст мекашад. Ҳатто вазнашро дигар карда наметавонад. Пас кадоми мо «чӯҷа» хастем? Кӣ метарсад? Гӯё «шиҷинг» бошад (ба маънои тарсончак). Гуфтаҳои Артём дар сомонаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуда, аз он Ҳабиб огоҳӣ ёфт.
8 моҳ баъд аз ин Ҳабиб бо Артём Лобов-спарринг-ҷуфти Конор Макгрегор рӯ ба рӯ омада, бе ягон пурсупос ба рӯяш шаппотие зад: «Дигар ин хел гапҳо нагӯй».
Ҳамлаи Конор
Як ҳафта баъд аз ин Конор Макгрегор ба Ню-Йорк омад ва аз пайи қасосгирӣ барои дӯсташ шуд. Вай бо Лобов ва гурӯҳи ёрирасонашон ба автобусе, ки Ҳабиб ва размандагони дигари UFC мусофир буданд, ҳамла оварданд. Конор тирезаи автобусро шикаст, ки дар натиҷа ду разманда Майкл Кез ва Рэй Борг захм бардоштанд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ ҳар дуи онҳоро аз мусобиқа барканор намуданд. Худи Артём Лобов низ барои иштирок дар ҳамлаи мазкур аз мусобиқа маҳрум гардид.
Ҳабиб изҳор кард, ки агар Конор чунин гангстер бошад, вақту ҷойи рақобатро аниқ намояд. Он замон ин корро кардан имкон набуд, зеро Макгрегорро пулиси Ню-Йорк ба ҳабс гирифта буд. Президент UFC Дэйна Уайт воқеаро «ҳодисаи манфуртарин дар таърихи ташкилот» номид.
Ҳабси сарпарасти Ҳабиб
Бизнесмени номии авар Зиёвудин Магомедов ба сарпарастии Ҳабиб Нурмагомедов дар соли 2016 шурӯъ намуд. Ӯ барои ғалаба бар Даррел Хорчер ба Ҳабиб мошини қиматбаҳои «Мерседес»-ро туҳфа кард (ин мошинро пас аз шаш моҳ дӯсти Ҳабиб дар садама вайрон кард).
Якуним сол пас Зиёвудин Магомедов дастаи ММА-ро бо номи Eagles (лақаби Ҳабиб —Орёл) таъсис дод. Ҳабиб президенти даста ва падараш Абдулманап сармураббии он таъин гардиданд. Боре Нурмагомедов суҳбат бо Forbes изҳор дошт, ки барои тайёрии семоҳаи ӯ ба набард тахмин $40 000 сарф мешавад. То замон ҳамкорӣ бо Магомедов Ҳабиб $10 000-15 000 сарф мекард.
Баногоҳ Зиёвудин Магомедовро, ки мехост барои тамошои набарди Ҳабиб ба Бруклини ИМА парвоз кунад, мақомоти Русия давр фурудгоҳ дастгир намуд ва ба маҳкама кашид.
Акнун Ҳабиб чун пештара аз ҳисоби даромадҳои худ ба мусобиқаҳо омодагӣ мегирад. Рақобат бо Конор Макгрегори мағрур барои вай асоситарин ва тақдирҳалкунанда ба шумор меравад. 6 октябри соли равон ё Ҳабиб Нурмагомедови кӯҳистонӣ шарафи худро ҳимоя мекунад ё Конор Макгрегори викинг зӯртарин ҷангии UFC буданашро дар вазни сабук собит месозад. Гумон мекунам, ки ҳақ ба ҷониби Ҳабиб хоҳад буд, ки насиб бошад, шоҳид мшавем.
Эмоми НАЗАРИЁН, «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ