Аъзам «Ҷангӣ» чемпиони WFCA шуд

Аъзам Ғаффоров, ки дар мусобиқаи лигаи  WFCA бо лақаби  «Ҷангӣ» машҳур буда, рекорди касбӣ (10-0-0) гузоштааст пас аз ғалабаи сеюм дар рейтинги ҷаҳонии fightmatrix.com ба ҷойи 66-ум баромад. Ин комёбӣ баАъзам имконият фароҳам  овард, ки барои унвони чемпионии ташкилоти WFCA мубориза барад.

Набарди Аъзам «Ҷангӣ» бо размандаи мағлубнашудаи рус Имран Букуев (8-0-0) рӯзи якшанбе дар мусобиқаи 50-уми WFCA баргузор гардид. Набарди ду мағлубнопазир дар вазни 57кг  ниҳоят шадиду бераҳмона ҷараён гирифта, бо пирӯзии Аъзам Ғаффоров ба анҷом расид ва ӯ камарбанди муваққатии ташкилоти мазкурро соҳиб шуд. Ба назари мутахассисон ин набард барои  набарди сол дар Русия довталаб буда  метавонад.

Пас аз Аъзам барои дарёфти унвони пурраи чемпионӣ бо чемпиони ташкилот Юнус Евлоев «меҷангад». Юнус Евлоев –чемпиони таҷрибадор мебошад, ки рекорди касбии 22-8-0 дорад ва дар рейтинги ҷаҳонии fightmatrix.com мақоми 18-умро касб намудааст. Ӯ 7 рақобат доир намуда, дар 6-тоаш ғолиб омадааст ва танҳо 1 размро ба чемпиони WFCA Магомед Бибулатов бохтааст.

Агар Аъзам Юнусро шикаста пурра камарбанди  WFCA-ро соҳиб шуда тавонад, нахустин размандаи тоҷик дар ҳайати муҳорибаи омехтаи UFC хоҳад гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *