Ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе

Ба поси хотири 22-юмин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Маросими ёдбуд дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маросим генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндагони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, донишҷӯён ва муҳоҷирони афғон иштирок карданд.

Дар чорабинӣ намояндагони расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вакили парлумон, раиси Ҳизби демократи кишвар Саидҷаъфар Усмонзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Аҳмадшоҳи Масъуд 1-уми сентябри соли 1953 таваллуд шуда, агар умр вафо мекард, соли равон 70-сола мешуд. Вай 9-уми сентябри соли 2001 дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ ба шаҳодат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *