Хатсайрҳо тағйир меёбанд. Аз куҷо ба куҷо?

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонидааст, ки шуруъ аз санаи 15-уми сентябр ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳоров маҳдуд мешавад.

Тағйирот дар хатсайри мусофирбарҳои хурду бузург дар Тоҷикистон ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои шаҳр роҳандозӣ гардидааст.

“Хати ҳаракати 5 мусофирбар дар шаҳри Душанбе аз нимаи моҳи сентябр тағйир хоҳад ёфт”,- иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт.

Ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №6, 43 ва хатсайри микроавтобуси №11 тағйирот ворид шуда, фаъолияти онҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои С. Шерозӣ, Н. Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳо дар ин масир ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шуда, интизор меравад, ки то 25-уми декабри соли 2023 идома меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *