Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Минск ширкат кард

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 956-умин солгарди шаҳри Минск ширкат кард.

Футзалбозони Тоҷикистон дар шаҳри Минск бо қаҳрамони Русия — бошгоҳи футзали КПРФ мусовӣ кард (4:4). Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров дубл карду Дилшод Саломов ва Комрон Алиев якголӣ заданд.

Дар бозии дигар шогирдони Воҳидов аз дастаи мунтахаби Белорус бо ҳисоби 2:3 шикаст хўрданд. Голҳои Тоҷикистонро Умед Кузиев ва Бахтиёр Солиев заданд.

Дар ҷамъбаст дастаи мунтахаби Белорус бо чор хол ғолиби мусобиқа гардид. Бошгоҳи КПРФ-и Русия медали нуқра ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Вохўриҳои ин гурӯҳ аз 7-ум то 11-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Рақибони дастаи футзали Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7-уми октябр), Фаластин (9-уми октябр) ва Мянмар (11-уми октябр) ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *