Ёде аз рӯзноманигорон
Дар Душанбе дар маҳфиле аз Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистон ва журналистони фавтидаи тоҷик ёд мекунанд.
Ин ёдбуд пагоҳ, рӯзи ҷумъаи 26 август дар бинои нашриёти Шарқи Озод баргузор мешавад. Ба иттилои мубтакирон, дар ин маҳфил аз журналистони тоҷике, ки соли равон даргузаштаанд, ёд хоҳад шуд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон журналистон Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Зутсева, Толиби Сангин ва Муҳаммадҷон Мирзошоевреҳлат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ