Фоҷиа дар донишгоҳ: 13 кушта ва 44 захмӣ  

Дар як ҳамла  ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул 13 нафар, аз ҷумла 7 донишҷӯ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҳамлаи шоми чаҳоршанбе ба Донишгоҳи амрикоии Афғонистон воқеъ дар минтақаи Доруламони Кобул, пас аз даҳ соати даргирӣ, поён ёфтааст. Ба иттилои мақомоти афғон, дар ин ҳодиса 13 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Абдураҳмон Раҳимӣ, раиси пулиси шаҳри Кобул гуфтааст, ки дар ин ҳодиса се корманди пулис ва се муҳофизи донишгоҳ низ кушта шудаанд. 35 донишҷӯ ва 9 корманд захмӣ шуда ва 750 донишҷӯ наҷот ёфтанд. Тибқи гузоришҳо, дар юриш ба бинои Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул як ё ду нафар ҳамлавар ширкат доштанд. Аввал дар наздикии донишгоҳ таркиш рух додааст ва баъд аз он, афроди мусаллаҳ дохили бинои донишгоҳ шудаанд ва ба тирандозӣ шурӯъ карданд. Нерӯҳои махсус ба ҷои ҳодиса фиристода шуда ва ба гуфтаи расонаҳо ба нақл аз мақомоти амниятии афғон, ду ҳамлаварро куштаанд. Шуморе аз донишҷӯён  гуфтаанд, ки ҳодиса замоне рух дод, ки онҳо дар синфхонаҳо машғули дарсхонӣ буданд.Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо Толибон тайи моҳҳои гузашта ва бо оғози гармиҳо, ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои афғон ва ғайринизомиёнро афзоиш додаанд. Донишгоҳи амрикоии Афғонистон аз муассисаҳои таълимии муътабар дар ин кишвар аст ва бисёре аз устодони он низ хориҷӣ мебошанд. Ин донишгоҳ, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ҳудуди 1700 донишҷӯ дорад ва илова бар таълими забони англисӣ, давраҳои омӯзишӣ барои калонсолон барои боло бурдани сатҳи тахассус, баргузор мекунад. Ҳудуди ду ҳафта қабл низ ду нафар аз устодони ҳамин донишгоҳ — яке амрикоӣ ва дигаре аз Австралия рабуда шуданд, ки ҳанӯз аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *