Ёдгорӣ: Обанбори «Роғун» то соли 2036 пур мешавад

Тоҷикистон тавони таъмини Осиёи Марказӣ бо барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро дорад. Аз рӯйи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ истеҳсоли яксолаи неруи барқ аз НБО «Роғун» то 65-70 млн долларро ташкил хоҳад дод.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, тибқи маълумоти СММ, ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд, ки ҳиссаи нерӯгоҳҳои обӣ ҳудуди 29%-ро ташкил медиҳад.  

Ба таъкиди ӯ, ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми барқе, ки дар Осиёи Марказӣ истифода мешавад, 4 баробар зиёд мебошад.

«Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд. Ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи чор мамлакати Осиёи Марказӣ 4 баробар зиёд мебошад»,- мегӯяд Ёдгорӣ.

Вай таъкид номбурда, Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонад ба таъмини тамоми минтақа манфиатбахш бошад ва ҳоло бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон бобати ба онҳо интиқол додани барқи НБО «Роғун» шартнома баста шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ бо такя ба охирин арзёбии экологию иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» иттилоъ додаст, ки обанбори он то соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ пур мешавад ва охирин агрегаташ соли 2029 ба истифода дода хоҳад шуд.

«Зуҳури «Роғун» умри неругоҳҳои поёноб, бахусус Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро сад сол дароз менамояд. Баъди пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» имконият пайдо мегардад, ки дар як сол аз дарёи Вахш зиёда аз 34 миллиард кВт- соат неруи барқ истеҳсол кард»,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, агар мо бо нархи миёнаи ҳар кВт.соат, ки аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ 6 сент баҳогузорӣ мешавад ва рӯ ба афзоиш дорад, ҳисоб намоем, истеҳсоли яксолаи неругоҳ то 65-70 млн долларро ташкил хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *