Ёдгорем ману ту зи ҳумоюнназарон

Дар китоби “Наҷвои муҳаббат”-и шодравон Муфаззали Аҷамрод аввал чизе, ки ба чашм мехӯраду ба эҳсос мерасад, руҳияи солим, руҳияи қавии ҷавонмардона, эҳсоси баланди инсондӯстиву миллатпарастист. Ҷиҳати дигар дар саросари ашъори Аҷамрод  воқеан наҷвои муҳаббат аст ва шоир беҳуда ин номро ба китоби худ нагузоштааст.

Аҷамрод худро вориси воқеии фарзандони баномуси Ватан меҳисобад. Дар аввалин шеъри ин китоб, ки “Ворисон” ном дорад, ӯ ифтихоромез мегӯяд:

Ёдгорем ману ту зи ҳамоюнназарон,

З-он бузургон падарон –

Родмардони баномусу мубаррогуҳарон,

Ориёинасабон, пурҷигарон, пурҳунарон

В-аз ҳама неку бади даври қамар бохабарон,

Сулҳҷӯёни зи пархошу ситам беҳазарон,

Баҳри хоки Ватану исмати Миллат сипарон,

Дар зарурат ҳама хунрези сафи фитнагарон-

Мотами кинаварон,

Сарбаландии ҷаҳон,

Шарафи давру замон…

Муфаззал дар ҳамин як пораи кӯчак кӯшидааст тамоми сифатҳои ҷавонмардонаи таърихии миллати худ, гузаштагони худро таҷассум кунад. Ва ин сифатҳои наҷиби падарон, мисли ин ки аз дили ҷӯшони ӯ чун фавворае пайи ҳам ҷӯшида мебароянд. Ва боз дар тасвири ин сифат ногуфтаҳо дорад:

Он азизон, ки зи як шамъ ҳазорон машъал

Дар раҳи зулмати аҳди куҳан афрӯхтаанд,

Дар завоёи махуфи шаби обистани рӯз,

Рӯзи обистани шаб…

Ӯ сифати гузаштагон-падарони худро дар ибораҳое чунин: ”мисли дайҷуршаб аз қалби шаб асрорбаре”, “ҳамадоне”, “ҳакаме”, “сеҳргаре”, “То зи пешомади қисмат бикунад муждаварӣ”, ”дар ҳарими фалаки пир муҷаллоқамаре”, “дар дили шаб шавад ойина ба ёди саҳаре” ва ғайраҳо таҷассуми бадеъ мебахшад.

Ва ин ҳама суханҳои бо эҳтирос гуфташуда беҳадаф нестанд ва ҳадафашон ин аст:

Ай ватандор!

Ватан Модари ҷони ману туст,

Сарзаминест муқаддас зи дами субҳи нахуст!

Мову ту ҳуҷҷати гӯёи абармардонем,

Ҳамнажодони Фаридуну зафармандонем,

Вориси Маздаку Дорову Каюмарсонем,

Ҳамрадифони навоҳои куҳандастонем,

Аз каён то ба кунун мардуми олишонем,

Воҷиб он аст, ки худ ҷавҳари худро донем!

Дар ин пора ба ҷуз баёни ифтихоромези руҳияи ҷавонмардонаи гузаштагон,  барои банда ҷолиб як тарзи тозаи баёни муаллиф дар ибораи “ҳуҷҷати гӯёи абармардон” будани мо мебошад, ки бори аввал  вохӯрдаам.

Ва хулоса аз ин шеъри ватандӯстона низ даъватест пандомез , ки ба  фарзандони замон нигаронида шудааст:

Ҳамватан!

Мову ту бояст ба сони падарон

Дар ҳама марзи Ватан тухми садоқат корем!

Ҳамчу фарзанди ҳунарманд ба имдоди вафо

Парчами Ваҳдати миллат ба само бардорем!

Матои асосӣ, тору пуди ашъори Муфаззали Аҷамрод ишқ аст, ишқу муҳаббат, ки дар саросари навиштаҳояш ҳузуру зуҳур дорад:

Ай ишқ, биё, нишонаат ку?

Базму тарабу таронаат ку?

Шайпуру дафу чағонаат ку?

Он оташи садзабонаат ку?

Бархез, ки мо туро навозем,

Дар кӯкӯраи сидқ дил гудозем!

Дар шеъри”Эҷоди азал” шоир сабабҳои ба ишқ гаравидани худро гуфтааст ва мо дарк мекунем, ки ин ишқ ишқи оддӣ набуда, балки азалист:

Ишқ эҷоди азал дар олам аст,

Ибтидои ибтидоҳо з-он дам аст.

Ҳастии ҳар унсур аз ӯ ҳаст шуд,

Одамӣ бо ишқ зоти одам аст!

Ҷолиб аст, ки шоир асоси бунёди оламу одамро аз ишқ меҳисобад.

Шоир дар шеъри дигар  мекӯшад фалсафаи маргу зиндагиро дар моварои вақт дарёбад. Ва ба саволи “Таҳайюр”:

Лек зодан сазои мурдан нест,

Одамӣ зери хок бурдан чист?-

чунин посух медиҳад:

Зиндагонӣ равона дар вақт аст,

Ҳамрикоби замона дар вақт аст.

Одами некному некахтар

Ҳамчунон ҷовидона дар вақт аст.

Яке аз шеърҳои ҷолиб дар китоби мазкур”Корномаи Пешво” ном дорад, ки ба зуҳуроти таърихии дар Роғун пеши дарёи Вахшро бо булдозер бастани Пешвои миллат бахшида шудааст. Ҷолиб аз он ҷиҳат, ки шоир дар як пораи кӯчак тавонистааст манзараву моҳияти ин корномаи Пешвои Миллатро таҷассум созад:

Зи зӯри рахши оҳантан

Ва ҷӯши ғайрати бебоктинат Рустами бонангу соҳибфан

Замини водии Вахшобу кӯҳу бора меларзид,

Нагунсар сӯи маҷро сахраҳои хора мелағзид…

Аз ин ҳангома рӯди Вахш аз ҳар саркашӣ бигзашт,

Сари таслим пеш афканду аз дарёвашӣ бигзашт.

Ҷолиб ин аст, ки шоир на бо тавсифи рӯирости Пешво, балки тавассути тасвири зинда ин манзараро ба қалам додааст ва ин таъсири бештар дорад ба хонанда аз тавсифи холӣ. Ва дар ин радиф Муфаззал вожае  месозад “дарёвашӣ”. Чунин хусусияти эҷодии ӯ вожасозӣ, ки пайваста дар шеърҳои ӯ мушоҳида мешавад, низ худ гувоҳи табъи равони шоир аст, ки ба ин мавзӯъ бозхоҳем гашт.  Оқибат, ҷамъбасти ин шеъри кӯтоҳ чунин аст:

Барӯмандона дарёро чу баст ин марди равшандил

Ба хоки тира яксон гашт он андешаи ботил.

Ки тоҷик Кохи нури хештан бунёд натвонад.

На!

Ин Сарвар кунад коре, ки  сад Фарҳод натвонад!

Зиҳӣ, ай нусратойин Пешвойи миллати тоҷик,

Нигаҳбонат Худо бошад барои миллати тоҷик!

Мавзуи ашъори Муфаззали Аҷамрод чунонки дидем, ё  мансуб ба ватандӯстиву инсонпарвариву ҷавонмардист ва ё мансуб ба ишқи поку содиқона. Ин ду хати сурхе, ки аз аввал то охир ҳамрадифи ашъори ӯст.  Аммо  дар китоби номбурда бо баъзе шеърҳое метавон вохӯрд, ки мансуб ба даврони ҷанги бародаркуш мебошанду андак дилмондагӣ ва ноумедӣ аз давру замон дар онҳо эҳсос мешавад, аммо дар онҳо ҳам руҳияи ҷавонмардӣ ва адолатпарварии муаллиф падидор аст.  Аз ҷумла, метавон  шеъри “Зи миён бигрезам”-ро мисол овард, ки бо сарбайти ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам…” оғоз мешавад:

Вақти он аст, ки аз дасти замон бигрезам,

Пеш аз марг аз ин сифла ҷаҳон бигрезам.

Бесаботӣ маҳаки ғафлату имон шудааст,

Тири оҳам, ки зи зиндони камон бигрезам.

Ман мусалмонаму аммо зи мусалмон тарсам,

Аз мусалмони силаҳдор ниҳон бигрезам.

Шоир ҳолати руҳии худ ва замона, ҳама даҳшати замони ҷанги бемаънову беҳадафи бародаркушро бо сӯзу гудоз ба қалам медиҳад. Ва дар  байти дуюми ин шеър тавассути тарзи классикии истифодаи ҳунару санъати бадеъ тавонистааст тасвире шоиронаву дархӯрди ҳадафи худ эҷод кунад. “Маҳаки ғафлату имон “ шудани “бесаботӣ” ва “тири оҳ”-е, ки аз “зиндони камон” “мегурезад” далели гуфтаҳои моянд.

Ин шеър соли 1994 навишта шудааст, яъне шоир ҳанӯз ҳамон вақт хостааст мардумро аз оқибатҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ҳушдор диҳад. Бале, дар он замон  мардуми маҳалгаро ба ду тоифаи муқобили ҳамдигар тақсим шуда буданд, аммо тоифаи дигар тоифаи сеюм низ буд, ки ҳанӯз дар он замон мавқеи дурусту қавии ватандӯстона доштанду бар алайҳи ду тоифаи аввал ҷонибдори ягонагии Меҳан ва сулҳу салоҳ буданд ва шоири мо намояндаи он тоифа буд.

То бипурсам, ки бародаркушии тоҷик чист

В-ин чӣ расмест, ки аз ҳамватанон бигрезам?!

Ё ки ин тоифа ҳаммиллати мо нест магар,

Девзоданд ва ё з-аҳриманон бигрезам?!

Аммо шоир умедвор аст, ки “ҳотифи ғайб”  “муждаи сулҳ” хоҳад дод.

Эътимоду эътиқоди шоир ба сухан беандоза аст ва ин сатрҳо дар шеъри ӯ чун қасам садо медиҳанд:

Агар бо Сухан розам ифшо надорам,

Ту гӯӣ дар ин хок маъво надорам.

Фурӯғи хирад бе Сухан тира гардад,

Маҳи пушти абрам, ки симо надорам.

Эътиқоду эътимоди шоир ба сухан (дар ин ҷо сухан-шеър аст) то ҷоест, ки ӯ дар ҳама ҷо ин вожаро бо ҳарфи калон менависад.

Шеърҳои “Чакомаи вақт-модар”, “Падар”, “Саразм”, “Варта” (ушшоқи муҳоҷирони меҳнатӣ), “Хашми равшанрой”, “Кохи ёдгори Лоиқ”, “Арғануни арғавонӣ” ҳар яке барои пажуҳиши муфассал мавзуъ медиҳанд, зеро аз дили гарму сиришти инсондӯстонаи муаллиф берун ҷастаанд ва ҳадафҳои неки эҷодиро пайгирӣ кардаанд. Дар онҳо симоҳои тасвиршуда рангу намои хоси худро доранд.

Дар боби шеърҳои “Хуррамбаҳори Ватан” дар шеъри Навид”, ки иборат аз чаҳор қисмати кӯчак аст, Аҷамрод кӯшидааст ба тариқе наву тоза аз ҷиҳати баёну сохтор, ки услуби Муҳаммад Иқболро ба ёд меорад, шеър гӯяд, ки ҷолиб аст.  Як банди он чунин аст:

Боз ба ин сарзамин фасли муборак расид,

Аҳли Ватанро навид:

Сардии дай орамид,

Хоби табиат парид.

Рози само шуд падид,

Абр ба гардун хазид,

Раштаи борон танид,

Шамс зиё оварид,

Тирукамон офарид,

Навда нафас даркашид,

Шаҳди муҳаббат чашид,

Сабза ба ҳар ҷо дамид,

Дил зи массарат тапид!

Боз ба ин сарзамин фасли муборак расид.

Ҳама хабарҳо дар ҷойи худанд. Сифат ва тасвирҳои чидашуда бе бадеият нестанд: аз  ҷумлаи: орамидани сардии дай, паридани хоби табиат,  падид шудани рози само, хазидани абр ба гардун, танидани риштаи борон, оваридани шамс зиёро, офаридани тирукамон, нафас даркашидани навда, чашидани шаҳди муҳаббат ва ғайра.

Ва ба ҳамин минвол се қисмати дигар.

Қисмати бузургу асоси эҷодиёти Муфаззали Аҷамрод ғазалиёт аст, ки таҳти унвони “Оинаи ҷон” дар китоби “Наҷвои муҳаббат” ҷамъ омадааст.

Вақте шоир дар матлаъи ғазали нахустнаш менависад, ки:

Қаламро дар дуо рангин кунам, тӯмор бинвисам,

Шифобахшандаи ҷонҳои ғамбемор бинвисам,

бидуни шубҳа аз чунин шоир  метавон шеърҳои сараеро умедвор шуд. Аввалан “қаламро дар дуо рангин кардан” тасвири тозаи шоирона аст, баъдан нияти шоирро бинед, ки бо ин қалами дар дуо рангинкарда навиштани тӯмор аст. Тӯмор, яъне муҳофизи инсон аз хатарҳо, тӯмор, яъне балогардон, аҷаб ҳадафи неки шоиронае. Ҳадаф аз ин тӯмор “шифо бахшидан бо доруи калом ба “ҷонҳои ғамбемор” аст. Аҳамият диҳед, бемори дигар не, маҳз ғамбемор ва воқеан қалам тавассути сухани баланд ин нерӯро дорад, ки ғамҳоро шифо бахшад. Яъне дар шеъри Аҷамрод таносуби сухан ҳам дар ҳар ҷо риоя мешавад ва барои баёни ҳадафҳои нек ба ӯ мусоидат мекунанд.

Аз худи ҳамин ғазал метавон чанин мисолҳое овард, ки  мақсади неки шоир дар онҳо тасвиромез баён ёфтааст:

Вафо қонуни мутаснои ишқи поки инсон аст,

Ман ин ҳарфи муқаддас бар дару девор бинвисам.

Аслан бояд гуфт, ки Муфаззали Аҷамрод дар иншои шеъри суннатӣ пайрави классикон аст. Ӯ бисёр озод аз таъбирҳои классикӣ истифода мебарад, омезиши баёни забону таъбирҳо ва эҳсосоти имрӯзӣ дарку қабули онҳоро ба хонанда осон гардонидаанд. Масалан:

Лолаосо, нақши доғе дар ҷигар дорем мо,

Рахнаи девори гулшанро назар дорем мо.

То расад пайки умеде аз фарози бесутун,

Пираҳанчокему ҷоне дар хатар дорем мо.

Як хусусияти шеърҳои Аҷамрод руҳияи баланди эътимод бар худ аст, ки дар аксари навиштаҳояш падидор аст. Ӯ ҳамеша худро як сару гардан боло нигаҳ медорад ва як ғурури инсонии, шояд куҳистонӣ, ҳамеша дар шахсияти ӯ падидор аст:

Шодии ҳама олам  бо ғамам баробар нест,

Бодае, ки ман хӯрдам, шоҳро ба соғар нест.

Ӯ худро ҳамеша дар ҷилди ҷавонмардӣ мехоҳад тасвир кунад ва аз дигарон низ мард буданро тақозо дорад:

Номадагонро хабар аз мо бирасонед,

Оянд агар, дар сифати мард биёянд!

Руҳияи баланди зиндагидӯстӣ ба шеъри Муфаззал як дилгармиву табъи хуш бо худ мебарад, ки ба хонанда низ илқо мешавад:

Субҳ аст, эй азизам, оғози зиндагонӣ,

Бархез, ҳамнаво шав бо сози зиндагонӣ.

Бо чашми дил назар кун бар коргоҳи ҳастӣ,

То уқдае кушоӣ аз рози зиндагонӣ.

Сарчашмаи саодат дар саъйи комили туст,

Дар ҷидду ҷаҳд гардӣ шаҳбози зиндагонӣ.

Дарёб суръати ин вақти шитобхӯро,

Суръатфизост ин тир аз този зиндагонӣ.

Як падидаи аҷиб истифодаи таъбири халқии “Бар ҷонам занӣ!” мебошад, ки ба маънои  таъбири “ҷонам фидоят” наздик аст, аммо аслан  маънои хоси бешабеҳи худро дорад, ки дар куҳистони Панҷакент маъмул аст. Ва муносибате ба мафҳуми манфии “ба ҷонам зад”, яъне “безор шудам” надорад, балки баръакс.

Растаи марҷони дандони ту бар ҷонам занад,

Шӯълабезони фаровони ту бар ҷонам занад!

Субҳхези резадандонат нишотангези дил,

Субҳаи гӯёву рахшони ту бар ҷонам занад!

Худи ҳамин ҷо, дур нарафта, мехоҳам диққати шуморо ба як шеваи таъбирсозиву забони баёни  хоси Муфазал ҷалб намоям, ки танҳо дар ҳамин як ғазал фаровон ба кор рафтааст.  Таъбирҳои ”шӯълабезони фаровон”, “субҳхези резадандон”, “субҳаи гӯёву рахшон”, “зевари оинаи ҷон”, “ахтарони саъдборон”, “ҳайати ганҷинадорон”(ишора ба шаддаи дандонҳо), “нуқрафомон”, “партави байзо фишонидан аз маҳистони ҷамол” ва ғайра. 

Як хусусияти ҷолиби дигар, ки дар ғазалҳои Муфаззал мушоҳида шуд, ба кор бурдани сабке, ки шабоҳат ба сабки ҳиндӣ дорад. Хусусияти хоси ин сабк дар он ифода меёбад, ки шоир дар мисраи аввали байт андеша ва тасвиреро меорад ва дар мисраи дуюм ба он маъно нигориши шоирона медиҳад. Масалан шоир дар мисраи аввал мегӯяд:

Дар канори дӯст биншастан шукӯҳи зиндагист.

Як сухани оддист, аммо дар мисраи дуюм шабоҳати ҳамин манзара ва ё мафҳум  ба чизе оварда мешавад, ки ба он мафҳум сурати шеър медиҳад, яъне онро бадеъ  мегардонад, чунончи:

Ҳеҷ гулшан ҳамчу ин маъно абиромез нест.

Айнан ҳамин монандкунӣ дар байти дигар:

Мастии чашмони хубон бодаро беқадр кард,

Ҷоми май чун чашми нози дилбарон лабрез нест.

Мисраи дуюм тасвир ва маъноест шоирона.

Чунин далелҳои санъатнигорӣ дар шеъри Муфаззал кам нестанд ва метавон ғазалҳоеро мисол овард, ки саросар ба-дин сабк навишта шудаанд:

Таманнои дили моро каси дигар намедонад,

Гудози шуъларо чун мурд, хокистар намедонад…

Писанди худфурӯше нест ҳарфи маҷлисорое,

Шукӯҳи офтоби аршро  ахтар намедонад…

Метавон дар байни ғазалиёти шоир  тасвирҳо, андешаҳо, баёнҳое пайдо кард, ки низ бадеъу шоиронаанд. Масалан:

Фарзона метавонад бо чашм бӯса чидан…

*** 

Аз кафи афсӯс меояд бурун овои ман…

***

Гулхани ишқ чу перояи ҷонаш барбаст,

Шӯъларӯ гашта, зи шаб рӯз ҳувайдо мекард.

***

Теғи алмос аст оҳанги дили дардошно,

Дасти оҳангар шиносад сӯзи оҳанпораро…

***

Бишкуфтаам зи накҳати боди сабо чу гул,

Бар ман равона сохта рамзе зи бӯи ту!

***

Ҳар куҷо банданавозист зи хосияти мо,

Чун насим аст мизоҷи сухани пургуҳарам.

Гоҳе илқои маъниҳои фалсафӣ ва худшиносӣ дар шеъри шоир низ ҳувайдост:

Ману ман ҳардуи якто ба ҳам омехтаем,

Ману ман қатраи обему ба ҳам рехтаем.

Ману ман кошифи асрори мани дигари ман,

Ҳама ҷо хирмани маънии сухан бехтаем.

Маънии ин байтро низ бояд фаҳм кард:

Гулбуни шому саҳар мешамам аз рӯи ғараз,

То саҳаррафтаи мо пардадари шом омад.

Маъниҳои андарзиву барандаи ҳикмату панд дар шеърҳои Муфаззал фаровон ба чашм мерасанд. Ӯ инсонҳоро ба ростиву зиндагии  беиштибоҳ  талқин мекунад. Баъзан дар ин роҳ мисли як омӯзоре огоҳона ибрози андеша мекунад ва хонандаро вомедорад, ки биандешад:

Бувад оё, ки туро рӯзи ҷазо бахшоянд,

“Марҳабо!”-гуфта, дари хулди барин бикшоянд.

На, чунин булъаҷабӣ нест дар он дори бақо,

Ҳар чи аз туст, ҳамон тавқ ба гардан соянд.

Тираройист туро нисбати равшанбасарон,

З-ин сабаб баҳри ту Фирдавси сафо нанмоянд.

Ҳамин тариқ дар баъзе аз ғазалҳо мазмунҳои маслиҳатомезу насиҳатӣ нигошта шудаанд. Шоири зиндадиле чун Муфаззали Аҷамрод, ки дар бисёре аз шеърҳяш майро ситоидаву ҷомҳои нишот бардоштааст, таъкид мекунад, ки ин бода он бода нест ва  ҳама кору рафтор ҳадди эътидол дорад, ки гузаштан аз он маслиҳат нест.

Хок бар фарқи саре, ки бодапарвар мешавад,

Дар фузунӣ дилсиёҳ аз дасти соғар мешавад…

Талхии май менамояд талх рӯзи мардро,

Марди ишрат пеши ҳар номард музтар мешавад.

Гар набишносӣ мақоми хешро дар зиндагӣ,

Нахли бунёдат хазон аз боди сарсар мешавад.

Ва дар анҷом мо мефаҳмем, ки мурод аз майе, ки Аҷамрод мегӯяд, майи маънавист, на воқеӣ:

Гар бинӯшӣ бодаи Ишқи Илоҳӣ, нӯш бод,

Чокаре бошӣ, шукӯҳат чун Сикандар мешавад.

Як хусусияти шеъри Муфаззал тасвиргароиву тасвирсозӣ аст ва муҳим ин аст, ки ӯ тасвирҳои худро дорад ва тасвири ин тасвирҳо беҳадаф нестанд. Ва дар ғазале ӯ ҳатто чунон ба тасвири ғам мепардозад, ки дар он падидаи нек пеши чашм муҷалло мешавад, зеро ин ғам ғами ёр аст:

Шукри беҳад, ки ғамат мӯнису ғамхорам шуд,

В-аз ҳама аҳд буридам, ғами ту ёрам шуд.

Кулли ғамҳои дигар заҳру ғами ту чу асал аст,

Заҳри ғамҳои ту дармони шакарборам шуд.

Пеши раммол дигар масъалаҷӯӣ наравам,

Регзори ғами ту боғаму гулзорам шуд.

Ва ин ҳамон “наҷвои муҳаббат” аст, ки чунон ки дар оғоз гуфтем, дар саросари ашъори шоир ҳузур дорад ва заҳри ғамро асалу регзори ғамро гулзор намудааст.

Як падидаи ҷолиб дар ашъори Аҷамрод, ки низ гувоҳи табъи шоирии ӯст, вожасозист, ки дар шеърҳои ӯ фаровон мушоҳида мешавад. Чанде аз онҳоро мисол меорем: пойранҷ, осмонниҳод, гандидамизоҷ, нопазирофалак, масъалаперо, муборакгуҳар, азросухан, хушевор, субҳдил, ошиқмизоҷ, сазомаҳкама, пайквар, вафопиндор, муаллоойин,  равшанбасар, оташинҷилва, мушкилифшогар, носозгормардум, минӯмақом, офтобандеш, маърифатнопосдор, такаллуфҷилвапардозанда, миногар, наҳангоз, аждаҳокеш, ойинасиголон, маънисипар… Ин мисолҳои фаровон далели табъи шоириву завқи эҷодкории шоиранд.

Мутаассифона, барои баррасии бобҳои манзумҳо, “Нолаҳо дар найистон” (сӯгномаҳо)  ва “Таронаҳо”, ки дар поёни китоб омадаанд,  фурсат нашуд, аммо як назари иҷмолӣ ба мо тасаввурот ва бардошти неке боқӣ гузошт ва гумон мекунам, онҳо шоистаи пажуҳиши хосаи алоҳида ҳастанд.

Дар фарҷоми ин гузориш сухане беҳтар аз гуфтаҳои худи шоир наметавон ёфт, ки гуфтааст:

Завқи ман боз ба майдони сухан менигарад,

Довариҷӯй ба майдони сухан менигарад.

Фатҳу нусрат, ки ҳувайдост зи барқи нигаҳаш,

Пуршуҷоат ба далерони сухан менигарад.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *