Зайнаб Бобокалонова: Келин ҳам замоне хушдоман мешавад

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби №3-и деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, модари шаш фарзанд, хушдомани се келину се домод Бобокалонова Зайнаб мебошанд. “Тарбияи духтар чӣ вижагиҳо дорад?”. Чунин буд саволи мо ба меҳмони азизамон.

— Духтарони имрўз модарони фардоянд, мо бояд дар замири духтарон аз рўзҳои аввали худро шинохтанашон тухми меҳру муҳаббату вафо бикорем. Чун духтарони мо каме ба воя расиданд, ба онҳо бояд гўем, ки рисолати аввалину муқаддаси зан модар будан аст. Барои зани тоҷик муқаддамтар аз ҳама оила аст, баъд кору бору дигар чизҳо.

Аксаран мешунавем, ки модарон духтарони худро мазаммат карданӣ шаванд, албатта таъкид мекунанд, ки “ин ё он корро дуруст омўз, фардо дар хонаи хушдоман азоб мекашӣ, зери таънаю эроди хушдоман мемонӣ!”. Духтарони мо ба хонаи хушдоман нарафта, аллакай аз модаршў тарс доранд, ин хатои аввалин дар тарбияи духтарон аст. На ҳама хушдоман келинашро ба чашми эрод нигоҳ мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо маслиҳати дилсўзонаи хушдоманро чун бадбинӣ қабул намудани арўсон ҳам аз ҳамон тарбияи дар боло гуфтаамон сарчашма мегирад.

Ба духтарон бояд ҳурмату эҳтироми пайвандони шавҳарро омўзонем, ҳамеша ба онҳо бигўем, ки хушдоман ҳам модар аст. Хушдоман бо ҳазорон ҳавас ба хонааш келин меорад, то фардо давомдиҳандаи наслаш гардад. Ягон хушдоман баҳудаю беҳуда келинашро бадгўӣ намекунад.

Маслиҳати хушдоманро, ки дар кўраи зиндагӣ обутоб ёфтаю таҷрибаи зиёд дорад, гўш кардан аз манфиат холӣ нест. Ҳаёт мисли дарё гузарон аст, замоне мерасад, ки арўсони хонадон ҳам хушдоман мешаванд.

Дар урфият мегўянд, ки ҳар он чӣ коштӣ, ҳамонро медаравӣ. Барои ҳамин ҳурмату эҳтиром бояд дар ҷойи аввал бошад.

Вижагии дигари тарбияи духтарон ба онҳо омўхтани тарбияи фарзанд мебошад. Аслан, ин равандро духтарон аз волидайни хеш меомўзанд. Аз ин рў, падару модарро зарур аст, ки барои фарзандони худ намунаи ибрат бошанд. Хуш ба ҳоли он волидайне, ки дар оинаи хотироти фарзандонашон чун тарбиятгари накў ҷилва мекунанд.

Ҳамчун модар ва тарбиятгар ҳаминро мегўям, ки ба тарбияи духтарон ҷиддӣ машғул шудан лозим, зеро онҳо оянда тарбиятгарони фарзандони ин миллат ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *