Ёрдамчии Обама- Ҷо Байден актёр шуд!
Дар яке аз эпизодҳои серяли « Қонун ва интизом. Корпуси махсус» ёрдамчии президенти ИМА- Ҷо Байден нақш меофарад.
Хабаргузории Associated Press менависад, ки дар яке аз эпизодҳои филми бисёрсерягии «Қонун ва интизом. Корпуси махсус» ёрдамчии авали президенти ИМА- Ҷо Байден нақш хоҳад бозид. Мувофиқи нигоштаи ин торнамо ба наворгирии эпизоди ёрдамчии президент имруз дар назар дошта шудааст, аммо кай ҳамон қисми Ҷо Байден мебозида ба экран мебарояд, маълум нест.
Чунончӣ Қасри сафед хабар медиҳад, мӯҳтавои эпизоде, ки Ҷо Байден дар он нақш мебозад, мавзӯи мубориза бар зидди таҷовузи ҷинсии занонро дар бар мегирад.
Байден аз бозе, ки сари қудрат омадааст, ҳамеша дар баромадҳояш ин масъаларо бардошта, аз ҳуқуқи ҷинсии занон ҳимоят мекунад. Дар ин филм низ мавсуф дар нақши худаш ҳамроҳи ҳунарпеша Маришка Харгитей нақш хоҳад бозид.
«Қонун ва интизом. Корпуси махсус» — аввалин спин-офф серёли «Қонун ва интизом» мебошад. Ёдовар мешавем, ки» Қонун ва интизом» аввалин маротиба барои шабакаи NBC соли 1999 ба навор гирифта шуда буд. Қаҳрамони асосии он Оливия Бенсон (Маришка Харгитей), ки дар натиҷаи таҷовузи ҷинсӣ ба дунё омада буд, тамоми ҳаёташро ба таҳқиқоти ҳодисаҳои таҷовузи ноҳақ занҳо мебахшад. Серёли мазкур дар замони худ маҳбубияти хосаеро касб намуда, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи он вақтаи Амрико ба миён оварда буд. Ин буд, ки ҳокимати он вақта маҷбур шуд, то соли 2010 идома додани банаворгирии филмро қатъ намоянд.
Ҷо Байден, соли 2009 аз ҳизби Демократии Амрико чун ёрдамчии дасти рости президент интихоб шуда, дар вазифаи мазкур то соли 2012 адои вазифа намуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ