Ёрии ҳуқуқӣ: Ба доми дуздон афтодам…
Маъюби гуруҳи якум ҳастам. Барои гирифтани кумакпулӣ ба воситаи як канали “Ютуб” барнома кардаму дар он ҷо рақами корт ва рақами телефонамро гузошта будам. Баъди 3 рӯз як рақам аз Русия занг заду гуфт, ки пули калон мегузаронем. Хулоса, рамзи кортамро пурсиданду ман онро додам. Ҳамон лаҳза тамоми маблағҳои маро аз кортам гирифтанд ва рақамашонро хомӯш карданд. Оё ман метавонам ба мақомот муроҷиат карда, маблағамро баргардонам?
Ҷ., омӯзгор
— Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат намоянд.
Аз ин бармеояд, ки шумо ҳуқуқ доред бобати ҳалли мушкилиятон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври хаттӣ муроҷиат намоед. Дар ин сурат аз натиҷаи чораҳои андешидашуда аз ҷониби мақомоти муроҷиаткардаатон ба шумо ҷавоби хаттӣ дастрас хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ