Сабринаи Назрӣ духтарашро ба мухлисонаш нишон дод

Самира ҳастам, сокини шаҳри Душанбе ва мисли дигар ҷавонон ҳамарӯза ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ворид мешавам, то аз навигариҳое, ки дар кишварамон ва ҷаҳон рӯй медиҳанд, хабардор гардам. Ба ман махсусан ҳаёти шахсиятҳои шинохта ҷолиб аст, мехоҳам дар бораи рӯзгори чунин одамон бисёртар бидонам. Аз байни блогерҳо махсусан Сабринаи Назрӣ бароям хеле писанд аст. Ростӣ, хабари ба шавҳар баромадану соҳиби фарзанд шудани Сабрина маро хеле хурсанд кард, вале аз чӣ бошад, ки ин паричеҳра кӯдакашро ҳамеша пинҳон медорад. Мегӯянд, ки шавҳараш ба ин кор иҷозат намедодааст. Ин гап рост аст ё дурӯғ, намедонам, вале мехоҳам донам, ки чаро Сабрина духтарашро аз ҳама пинҳон мекунад. Метарсад, ки ба кӯдакаш чашми бад мерасад?

САМИРА, шаҳри Душанбе

Посух:

— Дар ҳақиқат Сабринаи Назрӣ яке аз беҳтарин блогерҳо ва ровиёни Тоҷикистон буда, мухлисони сершумори худро дорад. Ин бонуи зебо махсусан дар шабакаи instagram маҳбубият хоса дошта, дар ин сомона зиёда аз 947 ҳазор нафар ӯро пайгирӣ менамоянд.

Сабрина ҳамчун маликаи instagram эътироф гаштааст ва талабгорони ин паричеҳра аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд, вале аз байни ин ҳама ошиқони зор Сабринабону Абдулло Шариповро интихоб кард. Ин ҷуфти зебо яке аз оилаҳои хушбахттарини кишварамон ба шумор мераванд ва ба мухлисону ҳаводоронашон мисли Сабрина ва Абдулло ишқи бузургро орзу доранд.

Як сол қабл, рӯз 1-уми октябр соҳиби духтарчаи нозанине гашта, исмашро Карашма ниҳоданд. Карашмабону бо тавлиди худ ҳаёти падару модарашро рангу бӯйи дигар бахшида, ба хушбахтии Сабринаю Абдулло хушбахтии тоза зам намуд. Волидони хуштолеъ ҳамарӯза ҳамроҳи духтарчаашон “сториз”-ҳои зиёд мекарданд, аммо шояд ба хотири чашм нарасидан рӯйи фарзандашонро ҳамеша пинҳон месохтанд. Карашмаро танҳо наздикон ва дӯстони ин хонавода аз наздик медиданду халос.

Билохира, бахшида ба 1-солагии зодрӯзи Карашмабону Сабрина як акси ҳамроҳи духтарчааш гирифтаашро дар сторизи insagram-и худ гузошт, ки чеҳраи Карашмабону пурра кушода аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *