YouTube-талбандаҳо. Ба номи муҳтоҷону ба коми блогерон

Ҳамарӯза дар сегменти тоҷикии сомонаи иҷтимоии YouTube  наворҳо дар мавриди зиндагии бечораҳолонаи нафарони ниёзманд пахш мешавад. Якеи онҳо ятим, дигаре бемор, сеюмӣ беваю танҳо, чорумӣ бехонаи даркӯчамонда, панҷумӣ фиребхӯрдаву шашумӣ фарзандгумкарда. Одатан чунин наворҳоро блогерон омода мекунанд, то ки нафарони хайрхоҳ ба шахсони ниёзманд кумак намоянд, вале ба касе маълум нест, ки аз маблағи ҷамъшуда блогерон бештар фоида мебинанд ё муҳтоҷон.

Пул ба ниёзманд (на) мерасад

Одатан блогерон ба хонаи қаҳрамони гузориш рафта, мушкили ӯро нишон медиҳанд ва дар зери навор рақами корт мегузоранд, ки шахсони ниёзманд пул гузаронанд. Чунин наворҳо одатан таъсирбахшу раҳмовар ҳастанд. Баъзеи онро бе оби дида намешавад тамошо кард. Банда ҳам ҳамчун журналист дар мавриди нафарони ниёзманд чанд видео омода кардаам…

Пас аз нашри навор одамони хайрхоҳ, аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ дар корти овардашуда пул мефиристанд. Аммо дар баъзе маврид блогерон корти ҷабрдидаю қаҳрамонашон не, балки корти худу наздиконашонро мегузоранд, зеро қаҳрамони наворҳо аксаран камбизоат, аз маҳалҳои дурдаст, бемаълумот ва қисме маъюб ҳастанд ва на танҳо корти пластикӣ балки шиносномаи пластикӣ надоранд.

Бинобар ин, ин ҷо суоле сар мазанад: “Оё хайри ҷамъшуда пурра ба дасти муроҷиаткунанда мерасида бошад?”.

Чӣ тавр ҳазор 200 сомонӣ шуд?

Чанд рӯз пеш як нафар тариқи сомонаи иҷтимоии “Фейсбук” ба банда навишт: ”Ман ронандаи оддӣ ҳастам. Бою сарватманд набошам ҳам, рӯзгорам бад нест. Гузоришеро дар мавриди як нафари маъюб дар “Ютуб” дидаму раҳмам омад. Закоти мол ва фитри рӯзаамро, ки беш аз 1000 сомонӣ мешавад, ба суроғаи зикршуда фиристодам. Илова бар ин, як миқдор маводи хӯрокаро низ харидорӣ карда, тариқи таксӣ аз шаҳри Панҷакент ба шаҳри Душанбе фиристодам. Пулро тариқи бонки “Эсхата” гузаронидам. Чун нафари маъюб имкони аз дасти таксӣ гирифтани маҳсулотро надошт, ба блогеро занг зада, хоҳиш кардам, ки онро ба қаҳрамони навор расонад. 50 сомонӣ ҳақи роҳкирои блогерро низ додам. “Раҳмат ба шумо барин марди худотарс. Роҳкиро даркор нест. Мо ҳам ба савоб шарик шавем, шуд” гуфта, блогер маро дилпур кард.

Баъди ду рӯз ба нафари маъюб занг зада пурсидам, ки кумаки мо дастрас шуд? Ӯ гуфт: “Бале, ҳазор раҳмат, ба ман 200 сомонӣ ва як миқдор хӯрока аз номи шумо оварданд”. Бовар кунед, аз занг заданам шарм доштам. Баъд ба блогер занг зада, огоҳӣ додам, ки агар давоми ду то се соат боқимонда 800 сомонӣ хайри маро ба ҳамон маъюб нафиристӣ, ё ба суд медиҳам ё квитансияи бонкро дар “Фейсбук” монда, туро шарманда месозам. Хулоса, бо зарбу зӯр хайри мо ба дасти маъюби бечора, ки аз ноилоҷӣ барои табобаташ хайрхоҳӣ карда буд, расонд”.

Пушти пардаи наворҳо

Чунин ҳодисаҳо кам нестанд. Баҳси блогерҳои “ҳақи мардумхӯр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ меафзояд. Баъзе аз блогерон роҳи осон ва бе дарди миёни пулёбиро ёфта, худро журналист вонамуд карда, аз ҳисоби нафарони камбағалу муҳтоҷ низ пул кор мекардаанд. Маълум шуд, ки вақте нафарони эҳтиёҷманд ба бархе аз чунин “блогерон” муроҷиат мекунанд, онҳо барои сабт аз қаҳрамон маблағ меситонанд ва баъдан аз маблағҳои ҷамъшуда низ фоиз мегиранд. Мо дар ин матлаб ном ба ном чунин нафаронро номбар намекунем. Вале аз мақомоти қудратӣ тақозо мекунем, ки ин қазияро омӯзанд…

Бисёре аз блогерон тариқи насиҳатҳо ва худро мусалмони ростин вонамуд карданҳо ба чунин амал даст мезананд. Ҳол он ки, ҳақи ятиму бечораро хӯрдан гуноҳи азим аст.

Руҳонии шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба ин масъала мегӯяд: “Вақтҳои охир, чӣ хеле ки худи шумо гуфтед, блогерон зиёд шудаанду наворҳо аз ҳаёти ятиму ясир ва бечораю бенаво зиёд гаштааст. Хайрхоҳоне, ки ба ятимон тариқи блогерон пул медиҳанд, он дар назди Парвардигор амонат аст. Дар дин аломати мунофиқ сето аст, ки яке аз он хиёнат ба амонат аст. Ҳақи ятимро хӯрдан гуноҳи кабира аст. Ин амал баробар ба оташи дӯзахро хӯрдан аст”.

Чанд пешниҳод ё ҳавола ба инсофу имон

Албатта, хуб аст, ки блогерон ҳамчун фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рафъи камбудиҳо ва кумак ба ниёзмандон талош мекунанд. Иқрор бояд шуд, ки бо ташаббуси блогерони хайрхоҳ мушкили даҳҳо нафар осон шуда, амалиётҳои ҷарроҳии вазнин пушти сар ва ба ин васила ҷони даҳҳо нафар наҷот дода шуд. Камбағалони зиёде низ ба шарофати блогерон соҳиби хона шуданд ва ғайра.

Аммо чаро блогерҳо аз фаъолияти худ ҳисобот намедиҳанд? Чаро нишондодҳои бонкиро аз натиҷаи маблағҳои ҷамъшуда расонаӣ намекунанд? Ё чаро рӯйрост эълон намекунанд, ки барои миёнаравӣ, сабти навор фалон қадар маблағ мегиранд? Чаро пушти парда кор мекунанд?

Пешниҳод мекунем:

— Фаъолияти блогероне, ки ба ҷамъоварии маблағ барои ниёзмандон машғуланд, аз ҷониби мақомот таҳлилу баррасӣ ва назорат карда шавад;

— Блогерон муваззаф шаванд, ки аз фаъолияти худ ҳисобот диҳанд;

— Нафарони ниёзманд бо блогероне, ки аз онҳо маблағ талаб мекунанд, ҳамкорӣ накунанд.

Боқӣ ба имону инсофи нафаронест, ки амонати мардум дар дасташон аст.

Фарзона МУРОДӢ, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *