Ёвон. Иқдоми шоистаи таҳсин

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва ҷалби соҳибкорони ҳимматбаланд, ба сокинон биноҳои баландошёнаи ноҳияи мавриди назар гази моеъ дастрас гардид. Ин иқдоми ҳанӯз камсобиқа ду рӯз аст, ки идома дорад.
Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ба хотири кумак ба сокинон дар рӯзҳои сард ба онҳо гази моеъи ройгон дода шуд. Ӯ мегӯяд, ин иқдом ду рӯз аст, ки идома дорад ва то муътадил шудани обу ҳаво идома хоҳад кард.
“Танҳо дирӯз 3 тонна гази моеъ ба сокинон дода шуд. Имрӯз боз ба онҳо гази моеъ дода истодаем, то дар рӯзҳои сард ҳам барои пухтани таом ва ҳам барои гарм кардани хонаҳои хеш истифода кунанд”.
Иқдоми масъулин дар ноҳияи Ёвон шоистаи таҳсин буда, ҳанӯз дар вилояти Хатлон собиқаи кам дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *