Таманниёти Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири нави Покистон

3 март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, аз самими қалб Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик мегӯям. Ба Шумо, дӯст ва бародари гиромӣ, саломатии комил ва дар иҷрои нақшаҳоятон ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Покистон, беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзамон таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои нави барҷаста орзумандам».

Ҳамчунин, дар номаи табрикотӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *