Ёвон: Раиси ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас дод

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо сокинони деҳоти Чоргул вохӯрӣ ва мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Эмомалӣ Файзализода — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон, дар оғоз раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки мардуми заҳматкаш дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар мавриди самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бояд дар мадди аввал гузоранд.

— Сипас, мулоқот ва муроҷиати шаҳрвандони ноҳия сурат гирифт. Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногун ибрози назар намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон аз масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, дар бораи дастгирӣ дар самти тоза кардани заҳкашу заҳбурҳои назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар масъалаҳо марбут ба соҳаи кишоварзӣ иборат буданд. Баъд аз шунидани арзи ҳар як сокини ноҳия, аз тарафи раиси ноҳия ба ҳар як масъули ташкилоту идораҳо доир ба иҷроиш ва таъмини ҳалли масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян вазифа ва супоришҳои мушаххас дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *