Сарояндаи машҳур Дамирбек Олимов дар садамаи нақлиётӣ ҷон дод

Сарояндаи машҳури тоҷик Дамирбек Олимов имшаб дар натиҷаи як садама дар ҷойи ҳодиса вафот кардааст.

Бар асоси иттилооти дар даст доштаи Pressa.tj, ин садама соати 3-и ҳамин шаб дар роҳ аз ҷониби ноҳияи Ашт ба сӯйи шаҳри Хуҷанд рух додааст. Мавзеи рухдоди ҳодиса даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд, назди Боғи миллӣ гуфта мешавад.

Инчунин, гуфта мешавад, ки ҳангоми рух додани садама Дамирбек худ паси чанбари мошин будаву эҳтимолан хоб бурдан сабаби садама гардидааст. Ду нафар ҳамроҳони овозхон осеб надидаанд.

Аз РБДА дар вилояти Суғд дар суҳбат бо Pressa.tj рух додани ин садамаи марговарро тасдиқ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *