Раҳмон Юсуф: “Облава” воқеан ҷой дорад»
Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар воқеан ҷой дорад.
Юсуф Раҳон изҳор дошт, ки бо роҳи зӯрию боздошт сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Ӯ гуфт, ки ҷавононро дар кӯчаю бозор ва маҳаллаҳо бозмедоранд ва базӯрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд.
Раҳмон Юсуф илова намуд, ки дар қисмҳои низомӣ ва комиссариатҳо санҷиш гузаронда шуда, 1 ҳазору 1 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ