Парвина Шукруллоева дар рӯйихати ронандагони қойидавайронкуни роҳ

Тариқи камераҳои “Шаҳри бехатар” ронандагоне муайян шудаанд, ки қоидаи роҳро зиёд вайрон карда, ҷаримаи маъмурии таъиншударо насупоридаанд.

Ба  иттилои ВКД, дар сархати феҳрист  ронандаҳое, ки шумораи зиёди қоидавайронкунӣ доранду ҷаримаро насупоридаанд, Абдуҳамидов Беҳрӯзбахт Маҳмудович, ронандаи “Форд” қарор дорад, ки 217 қоидавайронкуниро содир намудааст: “Ашуров Кулобӣ, ронандаи “Дамас”-213 бор, Азизулло Боронов, ронандаи “Мерседес бенс”- 200 бор, Исроил Одинаев, ронандаи “Аудӣ”-144 бор, Фариддун Ҳаитов, ронандаи Опел Астра-140 бор қоидаро вайрон кардааст”.

Дар мақоми 6-уми феҳрасти пешниҳодкардаи ВКД Парвина Шукруллоева, ронандаи “Лексус” қарор дорад, ки ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ 95 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷаримаро то ҳол напардохтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *