«Yutong»-и Қазоқистон дар Қирғизистон баҳри чӣ ба кор ояд?

1000 + 1000 чандум мешуда бошад? Оё ин рақам сармоя пайдо мекунад?

Оқилбек Жапаров — раиси Девони вазирони Қирғизистон 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои хариди 2 ҳазор автобус сармоя пайдо карданд.

Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз Жапаров рӯзноманигорон пурсиданд, ки оё ҳукумати Қирғизистон омодааст, дар сурати пешниҳоди автобусҳои босифати маҳаллӣ тасмими хариди техникаҳоро аз хориҷ бозбинӣ кунад.

Жапаров афзуд: «Мо ба шаҳрдории Бишкек дастур додем, ки 2 ҳазор автобус харидорӣ намояд. Мо аллакай манбаи сармоягузориро пайдо кардем. Қарор шуд, ки 1000 автобус аз Белорус ва 1000 автобуси дигар аз Қазоқистон харида шавад. Аммо агар сифати истеҳсолгарони дохилӣ беҳтар бошад, омодаем, ки аз онҳо харидорӣ кунем».

Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон соли 2022 ба Қирғизистон 1 ҳазор автобуси навъи «Yutong» содир мекунад. Ҷонибҳо дар ин бора ёддошти тафоҳумеро имзо карда буданд.

Қирғизистон ин автобусҳои мусофирбарро, ки бо низоми пардохти электронии «ONAY PAY» муҷаҳҳазанд, ба тариқи лизинг хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *