Садамаи мудҳиш дар назди “Гулдаста” се фарзанди модари заҳматкашро ятим кард

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз садамаи мудҳише хабар дод, ки дар пайи худ талафоти ҷонӣ дошт.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми феврал, тахминан соати 09:35 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 0977НА08 Сияров Фатҳуддин Абдулович, соли таваллудаш 01.12.1985, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Нусратулло Махсум, аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Гулдаста” пиёдагард Мамадова Савринисо Исоевна, санаи таваллудаш 06.07.1967, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки роҳро тавассути гузаргоҳи танзимнашавандаи роҳи пиёдагузар мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷаи ин садама пиёдагард — зани 55-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъди ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки зани ҳалокшуда корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино буд.

Тавре манбаъ менависад, аз модари заҳматкаш, ки шабу рӯз дар пайи тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо меҳнат мекард, 3 фарзанд ятим мондаанд.

Вобаста ба ҳолати кор нисбати ронанда Сияров Фатҳуддин тибқи талаботи моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *