«Заҳҳок” яке аз беҳтарин романҳои адабиёти рус гашт

Романи нави адиби рус Владимир Медведев бо номи «Заҳҳок” дар бораи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва зулму истибдоди «боевик”-ҳи тоҷик дар он давронро яке аз беҳтарин романҳои адабиёти рус дар солҳои охир ном мебаранд.

Нашриёти «ArsisBooks”-и Маскав романи нави адиби рус Владимир Медведевро бо номи «Заҳҳок” чоп кард.

Владимир Медведев дар Забайкалйе ба дунё омада ва дар Тоҷикистон ба воя расидааст. Медведев солҳои зиндагиаш дар Тоҷикистон дар экспедитсияҳои геологӣ ва чанд сол ба ҳайси омӯзгор дар яке аз деҳаҳои кӯҳистон ва сипас дар маҷаллаи адабии «Помир” кор кардааст.

Баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Владимир Медведев ба Маскав кӯчид ва дар маҷаллаи «Дружба народов” ба кор пардохт. Вале аксари шеърҳо ва асарҳои насрии Владимир Медведев, аз ҷумла романи охиринаш «Заҳҳок” ба Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Романи «Заҳҳок” қиссаи зиндагии омӯзгори рус Вера ва ду кӯдаки дугоники 16-солааш Андрей ва Зарина аст, ки баъди марги шавҳар ба деҳаи дурдасти кӯҳистонии Талхак, ба пеши хешовандони тоҷикашон мекӯчанд. Онҳо дар инҷо тоза ҷову макон пайдо мекунанд ва ҳатто дар як порча замин машғули деҳқонӣ мешаванд, ки дар деҳаи ҳамсоя қумандоне бо номи Зуҳуршо Хушқадамов ситод месозад. Зуҳуршо, ки бо як мори афъӣ дар гарданаш мегашт, деҳқононро андози миёншикан баста, маҷбур мекунад, ки ба ҷои сабзавоти маъмулӣ дар заминҳои худ кӯкнор бикоранд. Ӯ ҳамчунин ба духтари ноболиғи Вера чашм ало мекунад.

Дар романи «Заҳҳок” 7 нафари мухталиф бонавбат ҳаводисеро, ки дар Талхак мегузаранд, ҳар кадом аз зовияи нигоҳи худ қисса мекунанд:

-Журналисти рус Олег, ки бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон омада ва дар Талхак дармондааст;

-Афсари собиқи артиш Даврон, ки дар айёми ҷанг фармондеҳи нирӯҳои Зуҳуршо шудааст;

-Ҷавони маҳаллӣ Карими Каду, ки низ орзуи ба занӣ гирифтани Заринаро дорад, вале маҷбур шудааст, ки таҳти парчами Даврон биҷангад;

-Эшони Ваҳҳоб, ки бояд рисолаи докториашро ҳимоя мекард, вале ба сабаби марги бародараш илмро партофту ба зодгоҳаш баргашт, то муридонашро зери ҳимоят бигирад;

-Ҷорӯб – амаки Андрей ва Зарина, байтори Талхак, ки мехоҳад дар ҳар ҳолате аз адл дифоъ кунад, вале дасташ дар баробари золимони даврони ҷанг кӯтоҳ мекунад;

-Андрей, ки аз ҳимояти модару хоҳараш дар муқобили зулму истибдод ва дастдарозиҳои қумандонҳои ҷанг оҷиз аст;

-Ва Зарина, ки ба ҳар баҳое мехоҳад худро аз издивоҷ бо Зуҳуршо халос кунад.

Аммо аксари ин қаҳрамонҳо дар ниҳоят ба он ҳама бадиҳое, ки Зуҳуршо, ин «Заҳҳок”-и замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба деҳаи Талхак овард, тан медиҳанд ва батадриҷ ин ҳама зулму таадиро ҳамчун як амри маъмулӣ қабул мекунанд.

Мунаққиди рус Галина Юзефович романи «Заҳҳок”-и Владимир Медведевро «яке аз беҳтарин китобҳои сол, балки дар умум яке аз беҳтарин романҳои дар солҳои охир ба забони русӣ таълифшуда” номидаааст.

Галина Юзефович навиштааст, Медведев воқеиятҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро чунон тасвир кардааст, ки «кас мехоҳад баъди мутолиаи ҳар саҳифа, балки ҳар сатри ин роман аз он Талхак бигурезад. Вале Медведев боз ҳам чунон устодона сужаи романашро тоб додааст, ки хонанда маҷбур аст, бо эҳсоси ташвишу нигаронӣ аз сарнавишти қаҳрамонҳои чунон заифу осебпазири роман ин китобро то саҳифаи охиринаш бихонад. Ва то охирин лаҳза умед буданд, ки шояд билохира онҳо ба як рӯзи нек мерасанд.”

Романи «Заҳҳок”-и Владимир Медведев нахустин асари ҳунарӣ дар адабиёти рус дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нест.

Андрей Волос, як адиби дигари низ зодаи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 2000 романеро бо номи «Хуррамобод” нашр карда буд, ки то имрӯз яке аз беҳтарин романҳои адабиёти муосири рус дониста мешавад ва ҷоизаи русии Букерро ҳам ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *