Шармандаат мекунам, муаллим!

Вақте ки падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шуданд, ман хурд будам, хоҳаронам бошанд аз ман ҳам хурдтар. Бародари калониам ҳамроҳи падарам монд, моро бошад, падарам ҳамроҳи модарамон аз дар берун карда, дигар суроғ накард. Модари бечораам шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат карду моро хӯронд, пӯшонд, калон кард, билохира ба донишгоҳ дохил намуд. Мани падардори бе падар танҳо бо кӯмаку дастгирии модарам соҳиби маълумоти олӣ гаштам, вале имрӯз падарам дар ҳама ҷо «духтарамро хононда соҳиби ҷойи кор намудам» гӯён, каттагӣ карда мегардад. Ҳамагӣ як маротиба ба духтараш 200 сум пул дода, падарам гумон мекунад, ки ман панҷ сол бо пули ӯ хондам. Агар медонистам, ки рӯзе ҳамон 200 сумро миннат мекунад, ҳатто аз гуруснагӣ мурам ҳам, пулашро намегирифтам, вале одамизод шири хом хӯрдааст…

Ростӣ, ҳаволаи падарамро ба Худо супурда будам, вале бо ғайбату гапу калочаи зиёдатиаш ӯ маро маҷбур кард, ки ба «Оила» муроҷиат карда, ин ҳақиқати талхро ифшо намоям. Падари ман омӯзгор аст, ба фарзандони мардум сабақ медиҳад, вале касе нест, ки ба ин муаллими аз кӯчаи одамгарӣ нагузашта дарси одамият омӯзад ва чӣ будани масъулияти падариро фаҳмонад. Дилам ба фиғон омадааст, бинобар ин, аз минбари «Оила» ба падари фарзандбезори мағрурам мегӯям:

-Ғайбатро бас кун, вагарна дар назди дӯсту душман чунон шармандаат мекунам, ки худат бале мегӯӣ, падар! Дигар мушт ба сина зада бо ифтихор «духтар дорам» нагӯй, духтарҳои ту ҳамон рӯзе мурданд, ки аз дар берунашон кардӣ. Мо танҳо модар дорему халос, падарамон кайҳо мурдааст. Аз даргоҳи Худованд ба модарҷонамон умри дароз металабем, зеро ин зани меҳнатӣ бароямон ҳам падару ҳам модар гашта, нагузошт, ки дар зиндагӣ хору зор ва ба касе муҳтоҷ шавем. Барои ин хизмати бузургаш дар назди модарҷонам як умр қарздорем ва Худо хоҳад, дар дами  пирӣ асои дасташ гашта, қарзамонро бо хизмати содиқона бар мегардонем!

Муштарии «Оила», аз шаҳраки Қубодиён.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *