Забеҳулло Муҷоҳид ҳаҷро ҳам манъ карданист…
Толибон пахши ду шабакаи телевизионӣ,“Эрон интернешнал” ва “Афғонистон интернешнал”-ро манъ карданд.Ин шабакаҳо аз Лондон – пойтахти Бритониё пахш ва аз сӯйи Муҳаммад ибни Салмон — шаҳзодаи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешаванд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар маҷлис, дар Вазорати фарҳанг ба ҳозирин аз рӯи қаҳр гуфтааст, ки «агар тавон дошта бошам, рафтан ба ҳаҷи умра ва ҳаҷи фарзиро низ манъ мекардам, то пулҳои мардуми мо ба ҷайби арабҳои саудӣ науфтад”. Яъне ин толиб мехоҳад аз панҷ рукни ислом ҳам яктояшро канор афканад. Ана Муҷоҳиду мана муҷоҳид…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ