Ғайриқонунӣ таълим медиҳӣ? Ҷинояткор мешавӣ…

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода,  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баргузор намуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора ба “пресса.тҷ” котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ин масъаларо баррасӣ намуда истода,  вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, як моддаи дигар, моддаи 3341 илова карда мешавад.

“Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад”,-гуфт Муҳаммадато Султонов.

Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолиф нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *