Зафар Саидзода аз вазифаи дипломатӣ барканор шуд

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода аз вазифа барканор шуд.

Сабаби барканории Зафар Саидзода расидан ба синни нафақа аст. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳоло ба ҷойи Зафар Саидзода касе таъин нашудааст.

Зафар Саидзода дар гузашта котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон ва солҳои зиёд директори АМИТ “Ховар” буд.

Ӯ соли 2011 сазовори ҷоизаи олии ИДМ гардидааст. Соли 2015 бошад,  дастурамали «Таърихи Русия»-ро барои муҳоҷирон нашр кард.

Инчунин, Зафар Саидзода муаллиф, ҳаммуаллиф ва мураттиби чандин китоб дар бораи фаъолияти серсоҳаи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *