Зафарбек Давлатзода сабаби аз кор рафтани кормандонашро шарҳ дод
Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон сабаби аз кор рафтани кормандонашро шарҳ дод.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар назди журналистон гуфт: “Мо 6 ҳазор корманд дорем. Аммо аллакай 50 фоизи онҳо ба кори дигар гузаштанд. Ин масъала ниҳоят муҳим аст ва кӯшиш дорем, ки мутахассисони соҳаи обро ҷалб намоем”.
Ӯ таъкид дошт, ки ҳамасола 50-60 нафар хатмкардаҳои донишгоҳҳоро ба кор қабул мекунанд. Аммо азбаски музди меҳнати миёна дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон 731 сомонӣ аст, онҳо аз кор мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ